Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 1:
[[File:Radiotelescope RTF32 Zelenchuk.jpg|thumb|352x352px|Радиотелескопи RTF32 ]]
'''Астрофизика''' (аз {{lang-grc|ἀστήρ}} — ''«ситора, ахтар, ҷирм, кавкаб»'' ва {{lang-grc2|φυσικά}} — ''«табиат»'') — илме, ки [[астрономия]] ва [[физика]]ро якҷоя намуда падидаҳои [[физика|физикаӣфизикӣ]] ва инчунин равандҳои кимиёвии [[ҷирмҳои осмонӣ|ҷирмҳои осмониро]] меомӯзад. Астрофизика аз қисмҳои назария­вӣ ва амалӣ иборат аст.
 
Астрофизикаи амалӣ бо бунёди усулҳои таҳқиқи ҷирмҳои осмонию муҳити байниситорагӣ ва сохтани асбобу афзори мушоҳида машғул аст. Астрофизикаи назариявӣ ба усулҳои физикаи назариявӣ такя карда, маълумоти астрофизикаи мушоҳидавиро ҷамъбаст мекунад. Астрофизикаро вобаста ба объекти таҳқиқот ба физикаи Офтоб, физикаи ситораҳо, физикаи зузанабу шиҳобҳо, физикаи ашёи берунигалактикӣ ҷудо мекунанд. Вобаста ба усулҳои хоссаи таҳқиқ астрофизикаи амалӣ ба астроаккосӣ (гирифтани сурати ашёи осмонӣ), астрофотометрия (омӯзиш ва санҷиши дурахши ҷирмҳои осмонӣ), [[астроспектроскопия]] (омӯзиши спектрии ҷисмҳои осмонӣ ва муайян кардани ҳаракат, чархиш, таркиби кимиёвӣ ва ҳарорати онҳо) ва [[радиоастрономия]] (омӯзиши радиотобишҳои ситораҳову фазои байниситорагӣ бо ёрии радиотелескопҳо ва таҳқиқи сатҳи ҷирмҳои осмонии наздиктарин бо ёрии радиолокаторҳо) ҷудо мешавад.