Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х викификатсия
хNo edit summary
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Пажӯҳиши мунаҷҷимони асрҳои 10–15-и Шарқ асосан ба астрометрия бахшида шудаанд, аммо дар мушоҳида­ҳои баъзеи онҳо унсурҳои астрофизика низ вуҷуд дошт. Масалан, [[Ибни Рушд]] (1126–1198) доғҳои Офтобро омӯхтааст, Алои Бухороӣ 23 июли 1264 дар расадхонаи Мароға зузанаберо мушоҳида кард, ки дар осмони Осиёи Марказӣ 85 рӯз намоён буд. [[Абдурраҳмони Суфӣ]] ҳанӯз соли 964 дар [[меҳ]]ҳоиТуманоти [[Андромеда]] [[галактика]]и спиралшаклеро мушоҳида карда, онро «абри хурд» номида буд.
 
Доираи таҳқиқоти астрофизика баъд аз ихтирои [[телескоп]] (Г. Галилей, 1609) ва такмили асбобу афзори ахтаршиносӣ васеъ гардид. Галилей тағйироти авзои [[Зуҳра]] (1611), М. В. Ломоносов атмосфераи Зуҳра (1761) ва И. Фраунҳофер спектри [[Офтоб]]ро (1814) кашф карданд. Аввали асри 19 телескоп бо [[спектрограф]] ҷиҳозонида шуд, ки ин сабти спек­три ситораҳо ва дигарон ҷирмҳои осмониро имконпазир гардонд. Таҳқиқоти А. А. Белополский (Россия), Г. Фогел (Олмон), У. Кэмпбелл ва Э. Пикеринг (ИМА) ва дигарон дар боби таснифи спектрии ҷирмҳои осмонӣ ҳамаи соҳаҳои астрофизикаро пеш бурд. Ибтидои асри 20 бо кӯшиши М. Саҳа (Ҳиндустон) назарияи иониши атмосфераи ситораҳо, бо кӯшиши К. Шварсшилд (Олмон) ва А. Эддингтон ([[Англия]]) асоси назариявии астрофизика ба вуҷуд оварда шуд. Пажӯҳишҳои Э. Ҳаббл, В. Бааде (ИМА), В. А. Амбарсумян (Арманистон), Б. А. Воронсов-Веляминов ([[Русия]]) ва дигарон пайдоиш, тағйирот ва гуногунии галактикаҳову меҳҳоро[[туманот]]ро то дараҷае равшан сохт.
 
Астрофизикаи муосир дар ҳамбастагӣ бо таҳқиқоти [[фазои кайҳонӣ|фазои кайҳон]] тараққӣ мекунад. Парвози [[радифҳои маснӯъ]], силсилаи киштиҳои кайҳонӣ ва дигарон дастгоҳҳои кайҳонӣ дар таҳқиқи табиати физикавии [[Моҳтоб|Моҳ]]у сайёраҳо, минтақаҳои радиатсионии Замин, шуоъҳои кайҳонию плазмаи байнисайёравӣ нақши муҳим гузоштанд. Ба воситаи дастгоҳҳои худкори байнисайёравии шӯравии «Зонд» ва «Луна», дастгоҳи амрикоии «Сервейер» ва киштиҳои идорашавандаи «Аполлон» дар бораи сохт, таркиб ва хосиятҳои физикии Моҳ маълумоти зиёд ба даст омад. Бунёди истгоҳҳои мадории «Салют» (ИҶШС), «Скайлеб» ([[ИМА]]), сил­силаи киштиҳои кайҳонии «Союз–Аполлон», [[Истго­ҳи байналмилалии кайҳонӣ]] барои му­шоҳида ва омӯхтани таркиби ҷирмҳои осмонӣ, пеш аз ҳама, сайё­раҳои Манзумаи Офтоб имконоти бузург фароҳам овард.