Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 12:
Астрофизикаи назариявӣ ба усулҳои физикаи назариявӣ такя карда, маълумоти астрофизикаи мушоҳидавиро ҷамъбаст мекунад. Астрофизикаро вобаста ба объекти таҳқиқот ба физикаи Офтоб, физикаи ситораҳо, физикаи зузанабу шиҳобҳо, физикаи ашёи берунигалактикӣ ҷудо мекунанд.
 
Астрофизикаи назариявӣ назарияи сохти дохилии ситораҳо, физикаи атмосфераи ситораҳо, [[туманоти газӣ]] ва фазои[[муҳити байниситорагӣ]], назарияи таҳаввулоти ҷирмҳои осмонӣ ва умуман пайдоиши унсурҳои кимиёвиро дар бар мегирад. Фасли дигари астрофизикаи назариявӣ астрофизикаи ядроӣ аст, ки вазифаҳои асосии он аз омӯзиши сохти дохилии ситораҳо, бо усулҳои физикаи назариявӣ шарҳ додани лағзиши сурх дар спектри ҷирмҳои дуртарини кайҳонӣ, мувозанати энергетикии ситораҳову квазарҳо (манбаъ­ҳои пуриқтидори радио­то­бишҳо), сохтори спектрии тобиши кайҳо­нӣ, инкишофи назарияи таҳаввул ва ташаккули ҷирмҳои кайҳонӣ иборат аст.
 
== Астрофизикаи амалӣ ==
Астрофизикаи амалӣ бо бунёди усулҳои таҳқиқи ҷирмҳои осмонию муҳити байниситорагӣ ва сохтани асбобу афзори мушоҳида машғул аст.
Вобаста ба усулҳои хоссаи таҳқиқ астрофизикаи амалӣ ба астроаккосӣ (гирифтани сурати ашёи осмонӣ), астрофотометрия (омӯзиш ва санҷиши дурахши ҷирмҳои осмонӣ), [[астроспектроскопия]] (омӯзиши спектрии ҷисмҳои осмонӣ ва муайян кардани ҳаракат, чархиш, таркиби кимиёвӣ ва ҳарорати онҳо) ва [[радиоастрономия]] (омӯзиши радиотобишҳои ситораҳову фазоимуҳити байниситорагӣ бо ёрии радиотелескопҳо ва таҳқиқи сатҳи ҷирмҳои осмонии наздиктарин бо ёрии радиолокаторҳо) ҷудо мешавад.
 
Астроаккосӣ ба гирифтани акси объектҳои осмонӣ, астрофотометрия ба омӯзишу андозагирӣ кардани дурахши ҷирмҳои осмонӣ (зоҳирӣ, фотографӣ ва фотоэлектрикӣ), астроспектроскопия ба омӯзиши тайфии ҷирмҳои осмонӣ ва аз рӯйи он муайян кардани ҳаракат, гардиш, таркиби кимиёӣ ва ҳарорати онҳо, радиоастрономия ба омӯзиши радиоафканишоти ситораҳо ва фазоимуҳити байниситорагӣ (бо ёрии радиотелескопҳо) ва таҳқиқи сатҳи ҷисмҳои осмонии наздиктарин (бо ёрии радиолокаторҳо) машғуланд.
 
== Астрофизика дар Тоҷикистон ==
Дар [[Расадхонаи Ҳисор|расадхонаҳои Ҳисор]] ва Санглохи ҶТ соҳаҳои гуногуни астрофизика таҳқиқ мешаванд. Ахтаршиносони [[Тоҷикистон]] ба инкишофи астрофизикаи муосир, махсусан дар таҳқиқи зузанабҳо, шиҳобҳо, астероидҳо ва ситораҳои тағйирёбанда ҳиссаи арзанда доранд. Чунончи А. В. Соловёв (1952) дар [[бурҷи Ақраб]] ва В. Сотиволдиев (1962) дар бурҷи [[Дуб­би Асғар]] ситораҳои нав, А. М. Бахарев (1955) ва Герасименко зузанаби нав кашф карданд. Ба шарафи олимони тоҷик ва ҶТ чанд астероид номгузорӣ шудаанд. Таҳқиқоти ахтаршиносони Тоҷикистон ба омӯзиши зузанабҳову шиҳобҳо, спектри ҷирмҳои осмонӣ, таъсири сели корпускулии [[Офтоб]] ба зузанабҳо, мушоҳидаи ситораҳои тағйирёбанда, даварони атмосфераи Замин ва ғайра равона шудааст.
 
== Пайвандҳо ==
[[:ru:Межзвёздная_среда|Муҳити ё фазои байниситорагӣ (рус.)]]
[[:ru:Космическое пространство|Фазои кайҳонӣ (рус.)]]
 
== Манбаъ ==