Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Сатри 10:
 
== Астрофизикаи назариявӣ ==
Астрофизикаи назариявӣ ба усулҳои физикаи назариявӣ такя карда, маълумоти астрофизикаи мушоҳидавиро ҷамъбаст мекунад. Астрофизикаро вобаста ба объекти таҳқиқот ба физикаи Офтоб, физикаи ситораҳо, физикаи зузанабу шиҳобҳо, физикаи ашёи берунигалактикӣ ҷудо мекунанд.
 
Астрофизикаи назариявӣ назарияи сохти дохилии ситораҳо, физикаи атмосфераи ситораҳо, [[туманоти газӣ]] ва [[муҳити байниситоравӣ]], назарияи таҳаввулоти ҷирмҳои осмонӣ ва умуман пайдоиши унсурҳои кимиёвиро дар бар мегирад. Фасли дигари астрофизикаи назариявӣ астрофизикаи ядроӣ аст, ки вазифаҳои асосии он аз омӯзиши сохти дохилии ситораҳо, бо усулҳои физикаи назариявӣ шарҳ додани лағзиши сурх дар спектри ҷирмҳои дуртарини кайҳонӣ, мувозанати энергетикии ситораҳову квазарҳо (манбаъ­ҳои пуриқтидори радио­то­бишҳо), сохтори спектрии тобиши кайҳо­нӣ, инкишофи назарияи таҳаввул ва ташаккули ҷирмҳои кайҳонӣ иборат аст.