Ахтарфизик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 2:
'''Астрофизика''' (аз {{lang-grc|ἀστήρ}} — ''«ситора, ахтар, ҷирм, кавкаб»'' ва {{lang-grc2|φυσικά}} — ''«табиат»'') — илме, ки [[астрономия]] ва [[физика]]ро якҷоя намуда падидаҳои [[физика|физикӣ]] ва инчунин равандҳои кимиёвии [[ҷирмҳои осмонӣ|ҷирмҳои осмониро]] меомӯзад. Астрофизика аз қисмҳои назария­вӣ ва амалӣ иборат аст.
 
Астрофизикаро вобаста ба объекти таҳқиқот ба физикаи [[Офтоб]], физикаи ситораҳо, физикаи зузанабу шиҳобҳо, физикаи ашёи берунигалактикӣ ҷудо мекунанд.
 
== Таърих ==
Пажӯҳиши [[мунаҷҷим]]они асрҳои 10–15-и Шарқ асосан ба [[астрометрия]] бахшида шудаанд, аммо дар мушоҳида­ҳои баъзеи онҳо унсурҳои астрофизика низ вуҷуд дошт. Масалан, [[Ибни Рушд]] (1126–1198) [[Доғҳои Офтоб|доғҳои Офтоб]]ро омӯхтааст, Алои Бухороӣ 23 июли 1264 дар расадхонаи [[Мароға]] зузанаберо мушоҳида кард, ки дар осмони [[Осиёи Марказӣ]] 85 рӯз намоён буд. [[Абдурраҳмони Суфӣ]] ҳанӯз соли 964 дар [[Туманоти Андромеда]] [[галактика]]и спиралшаклеро мушоҳида карда, онро «абри хурд» номида буд.
 
Доираи таҳқиқоти астрофизика баъд аз ихтирои [[телескоп]] (Г. Галилей, 1609) ва такмили асбобу афзори ахтаршиносӣастрономия васеъ гардид. Галилей тағйироти авзои [[Зуҳра]] (1611), М. В. Ломоносов атмосфераи Зуҳра (1761) ва И. Фраунҳофер спектри [[Офтоб]]роОфтобро (1814) кашф карданд. Аввали асри 19 телескоп бо [[спектрограф]] ҷиҳозонида шуд, ки ин сабти спек­три ситораҳо ва дигарон ҷирмҳои осмониро имконпазир гардонд. Таҳқиқоти А. А. Белополский (Россия), Г. Фогел (Олмон), У. Кэмпбелл ва Э. Пикеринг (ИМА) ва дигарон дар боби таснифи спектрии ҷирмҳои осмонӣ ҳамаи соҳаҳои астрофизикаро пеш бурд. Ибтидои асри 20 бо кӯшиши М. Саҳа (Ҳиндустон) назарияи иониши атмосфераи ситораҳо, бо кӯшиши К. Шварсшилд (Олмон) ва А. Эддингтон ([[Англия]]) асоси назариявии астрофизика ба вуҷуд оварда шуд. Пажӯҳишҳои Э. Ҳаббл, В. Бааде (ИМА), В. А. Амбарсумян (Арманистон), Б. А. Воронсов-Веляминов ([[Русия]]) ва дигарон пайдоиш, тағйирот ва гуногунии галактикаҳову [[туманот]]ро то дараҷае равшан сохт.
 
Астрофизикаи муосир дар ҳамбастагӣ бо таҳқиқоти [[фазои кайҳонӣ|фазои кайҳон]] тараққӣ мекунад. Парвози [[радифҳои маснӯъ]], силсилаи киштиҳои кайҳонӣ ва дигарон дастгоҳҳои кайҳонӣ дар таҳқиқи табиати физикавии [[Моҳтоб|Моҳ]]у сайёраҳо, минтақаҳои радиатсионии Замин, шуоъҳои кайҳонию плазмаи байнисайёравӣ нақши муҳим гузоштанд. Ба воситаи дастгоҳҳои худкори байнисайёравии шӯравии «Зонд» ва «Луна», дастгоҳи амрикоии «Сервейер» ва киштиҳои идорашавандаи «Аполлон» дар бораи сохт, таркиб ва хосиятҳои физикии Моҳ маълумоти зиёд ба даст омад. Бунёди истгоҳҳои мадории «Салют» (ИҶШС), «Скайлеб» ([[ИМА]]), сил­силаи киштиҳои кайҳонии «Союз–Аполлон», [[Истго­ҳи байналмилалии кайҳонӣ]] барои му­шоҳида ва омӯхтани таркиби ҷирмҳои осмонӣ, пеш аз ҳама, сайё­раҳои Манзумаи Офтоб имконоти бузург фароҳам овард.
Сатри 23:
 
== Астрофизика дар Тоҷикистон ==
Дар [[Расадхонаи Ҳисор|расадхонаҳои Ҳисор]] ва Санглохи ҶТ соҳаҳои гуногуни астрофизика таҳқиқ мешаванд. Ахтаршиносони [[Тоҷикистон]] ба инкишофи астрофизикаи муосир, махсусан дар таҳқиқи зузанабҳо, шиҳобҳо, астероидҳо ва ситораҳои тағйирёбанда ҳиссаи арзанда доранд. Чунончи А. В. Соловёв (1952) дар [[бурҷи Ақраб]] ва В. Сотиволдиев (1962) дар бурҷи [[Дуб­би Асғар]] ситораҳои нав, А. М. Бахарев (1955) ва Герасименко зузанаби нав кашф карданд. Ба шарафи олимони тоҷик ва ҶТ чанд астероид номгузорӣ шудаанд. Таҳқиқоти ахтаршиносони Тоҷикистон ба омӯзиши зузанабҳову шиҳобҳо, спектри ҷирмҳои осмонӣ, таъсири сели корпускулии [[Офтоб]] ба зузанабҳо, мушоҳидаи ситораҳои тағйирёбанда, даварони атмосфераи Замин ва ғайра равона шудааст.
 
== Пайвандҳо ==