Чархбол: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Removing Link FA template (handled by wikidata) - The interwiki article is not featured
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Ka-52 061.jpg|thumb|Чархболи Ка-52 «Аллигатор»]]
'''Чархбол''' — воситаи парвозкунандаест, ки аз [[ҳаво]] вазнинтар аст, имконияти рост парвоз кардан ва ба замин фуромадан, дар ҳаво муаллақ истодан ва ҳаракат намудан ба самти дилхоҳ дорад. Қуввае, ки барои парвоз намудан зарур аст ба воситаи як ва ё якчанд чархҳо, ки бо [[муҳаррик]] ба кор дароварда мешаванд, ба вуҷуд меояд.
 
== Таърих ==
ВЕРТОЛЁТ, аппарати париши вазнинтар аз ҳаво, ки амуди парвозу нишаст мекунад. В. метавонад дар ҳаво дар ягон масофа аз руи Замин «муаллақ» истад, дар атрофи моҳвари амудӣ ба тарафи дилхоҳ гардиш кунад, ба самти дилхоҳ, яъне пешнокӣ, ё худ оқибнокӣ ва ё худ паҳлунокӣ парвоз намояд.
 
Қувваи болобардори В. бо як ё якчанд (аксар бо ду) винти баранда, ки ба воситаи муҳаррики авиатсионӣ (вертолётӣ) уфуқӣ чарх занонда мешаванд, ба вуҷуд меояд. Ҳангоми тасодуфан аз кормондани муҳаррик В. бо истифодаи авторотацияи винти баранда нишаста метавонад.
 
Аз ҷиҳати тарзи ба мувозинат овардани моменти реактивии винтҳои баранда В.-ҳо яквинта (бо винти думӣ ё бо тарзи реактивӣ чарх занондани винти баранда), дувинтаи ҳаммеҳвар, дувинтаи барқад, дувинтаи кӯндаланг сохта мешаванд. В. аз фюзеляж, шассӣ, узвҳои идоракунӣ, винтҳои баранда, дастгоҳи қувва (муҳаррик ва трансмиссия), таҷҳизоти электрикию радио ва навигационӣ иборат мебошад. В.-и яквинтаи дорои ҳаракатовари механикӣ, ғайр аз ин, винти думӣ ва системаи онро идоракунанда низ дорад. Парраҳои винти баранда дар шакли боли борики дароз ва буриши онҳо чун буриши кундаланги боли самолёт сохта мешавад. Дар вақти чарх задани В. парраҳо қувваи болобардор ба вуҷуд меоранд ва бо таъсири ин қувва В. ба ҳаво бардошта мешавад. Қувваи кашише, ки винти бараида инкишоф медиҳад, ба ҳамвории чархзании вай перпендикуляр мебошад (расми 1). Аз ин сабаб ҳангоми чархзании уфуқии винти баранда, қувваи кашиши он амуди ба боло таъсир мекунад. Дар ин ҳол, агар қувваи кашиши винт R аз вазни вертолёт G зиёд бошад, В. амудона боло, кам бошад, амудона поён шуда ва агар баробар бошад «муаллақ» меистад. Агар фюзеляжи В. ба пеш моил шуда, ҳамвории чархзании винти баранда низ ба тарафи пеш моил гардад, қувваи кашиши винт ҳам ба ҳамон ҳамворӣ перпендикуляр ва ба пеш моил мешавад. Дар ин ҳол қувваи кашиши винт R ба қувваҳои таркибдиҳандаи уфуқӣ Р ва амудӣ У ҷудо мешавад. ки аз онҳо қувваи болобардор У вазни В.-ро ба мувозинат меорад ва қувваи Р ба В. ҳаракати пешравона медиҳад. Ҳамвории чархзании винт ба кадом тарафе, ки тамоюл дода шавад (ба воситаи механизми махсус, ки онро автомати моилкунанда мегӯянд), мувофиқан қувваи кашиши винти баранда низ ба ҳамои тараф майл мекунад. Дар натиҷа В. метавонад ба самти дилхоҳ парвоз намояд. Суръати В. то 350—370 км/с, борбардориаш то 40 т, дурпарвозиаш то 2000 км мерасад. Дар СССР истеҳсоли сериягии В. соли 1951 огоз ёфт. Тараққиёти вертолётсозь дар СССР ба фаъолияти конструкторонн советӣ Н. И. Камов, М. Л. Миль, А. С. Яковлев ва дигарон алоқаманд аст. В. дар нақлиёти ҳавоӣ (Ми-4, Ми-6, Ми-8, В-12, Ка-22), хоҷагии қишлоқ, ҷангал, моҳигирӣ (Ка-15, Ка-26, Ми-1. Ми-2), нигаҳдории тандурустӣ (Ка-18), ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ (Ка-26, Ка-18), сохтмони саноат, роҳи оҳан, пулҳо, корҳои монтажӣ (Ми-10) ва ғайра васеъ кор фармуда мешавад. Махсусан дар шароитҳои кӯҳии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани В. қулай аст.
 
Дар соҳаи ҳарбӣ В. барои кашондани десантҳои ҳавоӣ, қӯшун, техника ва таҷҳизоти гуногуни ҳарбӣ, беморону маҷруҳон, барои алоқа бо киштиҳои мухталиф, барои бо торпедаю мина ба заврақҳои зериобии душман зарба расондан, чун воситаи разведка ва ғайра истифода мешавад.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
* [[Аппарати париш]]
* [[Авиатсия]]
* [[Авиатсияи гражданӣ]]
* [[Авиатсияи ҳарбӣ]]
 
== Бартарӣ ва камбудиҳо ==