Апомиксис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Апомиксис''' (аз апо... ва юнонӣ mixis – омехта шудан, тағйир ёфтан) — ташаккули [[ҷанин]] бидуни бордор шудан; яке аз роҳҳои афзоиши ғайриҷинсии баъзе растаниҳо ва ҳайвонот. Ҳангоми апомиксис ҷанин на аз зигота, балки бевосита аз ҳуҷайратухми бордорнашуда (нигар Партеногенез), ҳуҷайраи проталлий, ҷаниндон ва ё аз ҳуҷайраҳои тухммуғҷа инкишоф меёбад.
 
== Намудҳои апомиксис ==
Апомиксис чанд хел мешавад: мухтор (бидуни бордорӣ ба вуҷуд омадани ҷанин аз эндосперма); менторӣ (аз ҳуҷайратухми бебор инкишоф ёфтани ҷанин); индуктивӣ (зери таъсири ягон омил ба таври таҷриба ба вуҷуд овардани апомиксис).
 
Дар шакли [[партеногенез]] апомиксис дар кирмҳо, моҳӣ, ҳашарот, хазандаҳо ва хусусан дар растаниҳо маъмул аст. Апомиксис дар селексияи растанӣ, ҳангоми аз гаплоидҳои апомиксӣ рӯёндани тухмии дурагаи ҷуворимакка ва дигар зироат, ба даст овардани ғуҷуммеваҳои гомозиготӣ ва ғайра истифода мешавад. Апомиксис чандон хуб таҳқиқ нашудааст. Омӯзиши дақиқи апомиксис аз ҷиҳати назариявӣ (дарки қонуниятҳои таҳаввулоту генетикӣ) ва амалӣ (ҳосил намудани гаплоидҳо) аҳамияти калон дорад.