Паймон (шоир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 18:
|сайт=

'''Паймон''' (''Тӯхтамиш Тӯхтаев Давлатзода, (порсӣ:;'' پیمان // توخته میش توخته یف دولت زاده); [[Феврал| 24 феврали]] [[1955]], хоҷагии Максим Горкий (ҳоло Шариф Раҳимов), ноҳияи Сайҳунобод, [[вилояти Сирдарё]], [[ҶШС Ӯзбекистон|Ӯзбекистон]]) — шоир, омӯзгор, рӯзноманигор, мутарҷим. Мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон (аз соли 1995) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2010). Соҳиби унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (1997), барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (1996), соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010).

==Зиндагинома ==
ЗодгоҳиТӯхтамиш аҷдодииТӯхтаев Паймон24 деҳаифеврали Синтобсоли (Синтаб)1955 аст.дар Индар деҳахоҷагии якеҷамоавии азба рустоҳоиноми калонтаринШариф ваРаҳимови зебоиноҳияи кӯҳистониСайҳунобод Нуратоба (вилоятидунё Навоиимеояд. кишвариЗодгоҳи Ӯзбекистон)аҷдодии баПаймон шумордеҳаи меравадСинтоб (Синтаб) аст. Падари Паймон — Давлат Тӯхтаев дар Синтоб зода шудааст. Ӯ низ дар канори садҳо сокини деҳоти кӯҳистонӣ пас аз итмоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба хотири обод кардани даштҳои бекорхобида бо оилааш ба ноҳияи Верхневолинскийи (ҳоло Сайҳунобод) вилояти Сирдарё нақли макон мекунад. Паймон 24 феврали соли 1955 дар ҳамин манзили нави падар, дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Шариф Раҳимови ноҳияи Сайҳунобод ба дунё меояд.

Падари Паймон дар айёми ҷавонӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзида, соли 1944 пас аз захмӣ шудан дар набардҳои зиддифашистӣ дар Укроин ба диёр бармегардад. Ӯ сараввал дар деҳаҳои ҳамсояи Порашту Ӯхм ва сипас дар Сайҳунобод аз фанҳои ториху ҷуғрофиё дарс гуфта, чархи рӯзгорро бо пешаи омӯзгорӣ мегардонад. Дертар, бо сабаби диққи нафас шудан, моҳи апрели соли 1964 аз Сайҳунобод ба зодгоҳи бобоӣ ба деҳаи Синтоб бармегардад. Аз ин пас Паймони нуҳсола овони бачагии худро дар гузари Козбони деҳаи хушманзари кӯҳӣ таҳти мувозибати падари бузургвораш Давлатака ва модари меҳрубонаш Суратмомо мегузаронад ва таҳсили худро дар мактаби миёнаи зодбуми бобоӣ идома медиҳад. Аз ин пас ӯ дар симою намои шигифтангези Синтоб миҳани аслии худро пайдо мекунад:

Паймон соли 1973 бо падар ба Самарқанд рафта, пас аз бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад ва донишкадаро соли 1977 бо дипломи сурх хатм мекунад.
;Ватанро ёфтам аз санги Синтоб,
;Зи оби рӯди хушоҳанги Синтоб.
;Ба рӯйи каф ҳамам гиранд, охир
;Бимонам боз андар чанги Синтоб.

Паймон соли 1973 бо падар ба Самарқанд рафта, пас аз бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад ва донишкадаро соли 1977 бо дипломи сурх хатм мекунад. Дар хусуси нахустин рӯзҳои ҳамсабақӣ бо ӯ хотироти нависанда ва шоири шинохта Марямбонуи Фарғонӣ, ки бо ҳам ҳамкурс буданд, хеле ҷолиб аст: "Сентябри соли 1973. Мо навшогирдони факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ҳанӯз бо ҳам чандон шинос набудем. Ман аз бари ҷавони сафедчеҳраи ҷиддие ҷой гирифтам. Чаро маҳз ҳамнишини ӯ будан хостам? Чун дар имтиҳони хаттӣ бо амри тасодуфе якҷо нишастему дар як мавзӯъ («Ҳабиб Юсуфӣ — шоири ҷанговар ва ватандӯст») иншо навиштем. Дар рафти имтиҳон тарзи дурусти ин ё он байти шоирро аз якдигар пурсидем, яъне ҳамгап ҳам шудем. Ҳанӯз ҳусни хатту каломи ӯ ба хотирам ҳаст. Хуллас, ман шиноси навамро як фарди хушсаводе дарёфта будам, аз ин рӯ беистиҳола ҳампартааш шудам. Ҳамон рӯзҳои аввал дар дасташ дафтари шеъреро дидам. Дафтар аз дубайтиҳову рубоиёт ва чанд ғазал иборат буда, баъзеяшон тахаллус ҳам доштанд: Давлатзода… ".

== Фаъолияти корӣ ==
Паймон пас аз хатми донишгоҳ ба назди падару модар баргашта, дар мактабҳои миёнаи деҳоти Моҷарм ва Синтоб аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1982, пас аз он ки очерки ӯ таҳти унвони «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба табъ мерасад, аз сӯйи мудирияти рӯзнома ба кор даъват мешавад. Ҳамин тавр, баробари хотима ёфтани соли таҳсили 1981—1982 бо фотиҳаи падар роҳи Тошкандро пеш мегирад ва баъд аз суҳбату шиносоӣ бо сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз соли 1986 инҷониб мудири бахши фарҳанги «Овози тоҷик» аст. Ӯ хонаводаи обод ва фарзандони солеҳ дорад. Ҳамсараш Идигул, писаронаш Хусраву Манучеҳр, духтараш Муниса ва наберагон ғамхорию меҳрубониҳои худро барояш дареғ намедоранд.

==Фаъолити эҷодӣ ==
Паймон дар тӯли зиндагии худ ҳар гуна кору вазифаро аз сидқи дил ва эҷодкорона бо саъю талоши фавқулода баланд анҷом додааст. Ин фидокориҳо буда, ки пайи ҳам ба чунин муваффақиятҳо ноил мегардад: соли 1985 — шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди журналистони иттиҳоди Шӯравии собиқ; соли 1995 — пазируфта шудан ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон; соли 1996 — дарёфти унвони «Журналисти беҳтарини сол» ва медали «Шуҳрат» (дар Ӯзбекистон); соли 1997 — гирифтани унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон»; соли 2010 — пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сазовор шудан ба унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон».

==Эҷодиёти шоир ==
Қаламиҳои Паймон ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дасти хонандагон расидаанд. Дертар маҷмӯаи шеърҳои ӯ дар баёзҳои дастаҷамъии чопшуда дар Душанбе — «Чакомаи пирӯзӣ» (1990), «Чил қалам» (1991), «Боли парвоз» (1991) ва Тошканд — «Каҳкашони орзу», «Гулистони адаб», «Чароғи маърифат», рӯнамоӣ шудаанд. Мухлисони каломи ноби шоир китобҳои ҷудогонаи ашъори ӯро бо асомии «Санги навишта» (Душанбе: Адиб, 1991), «Шабовез» (Тошканд: Ёзувчи, 2000) ва «Шабоҳанг» (Тошканд: Шарқ, 2012) дастрас намудаанд. Ҳоло зиндагинома ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои тоҷикии таҳсили ҳамагонии Ӯзбекистон омӯзонида мешавад.

Паймон дар тарҷумаи бадеӣ низ дасти тамом дорад. Ӯ ашъори шоирони классику муосири ӯзбек Алишер Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Нодирабегим, Ғафур Ғулом, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Азим Суюн,Умида Абдуазимова, Фарида Афрӯз ва дигаронро ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин тарҷумаҳое аз шоирони рус дорад.

Осори Паймон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои «Боғи бисёрдарахт» ''(гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004)'', «Аз Самарқанди чу қанд» ''(Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005)'', «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» ''(Теҳрон, 2005)'', «Намунаҳои шеъри Ӯзбекистон» ''(Порис, 2006)'', «Форсисароёни Ӯзбекистон» ''(Теҳрон, 2010)'' буда метавонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба китобҳое, ки ашъори Паймонро фаро мегиранд, муддатзамони эҷодиёти ӯро мешавад ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи авввали эҷодӣ то соли 1991, яъне то замони чопи китоби «Санги навишта» буда, шеърҳои шоирро дар жанрҳои қитъаю чаҳорпора ва ғазалу рубоию дубайтӣ фаро мегирад. Дар ин давра бо мурури замон такмил ёфтани ҳунари шеъргӯйӣ ва саъю кӯшишҳои шоир дар пайдо кардани роҳи вижаи сухангустарӣ мушоҳида мегардад. Марҳилаи дуюми эҷодӣ мутааллиқ ба солҳои 1991—2000 мебошад, ки дар китоби «Шабовез» ҷамъбаст шудааст. Ин марҳиларо метавон ба унвони давраи ташаккул ва таҳаввули шеър, вусъат ва умқи нигоҳ, тавсиаи доираи мавзӯъофаринӣ, кӯшиши боли парвоз бахшидан ба шеъри асил арзёбӣ кард. Ниҳоят, марҳилаи сеюми эҷодӣ давраи аз соли 2000 ба баъдро фаро мегирад, ки ин марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ, замони таҳаввули сабк, тағйири ҷаҳоншиносӣ, дарёфти мавзӯъ ва масоили мубрами ҳаётӣ мебошад. Ин марҳилаи эҷодӣ дар охирин китоби шоир «Шабоҳанг» ва ашъори парокандае, ки ягон-ягон ҷамъ мешаванд, мунъакис ёфтааст.

Дар осори манзуми Паймон навъи ғаноии шеър ҷойгоҳи хос дорад ва дар жанрҳои мухталиф, ба мисли дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, ғазал, мусаммат, тарҷеот, мустазод ва шеъри нав, тавони килки худро санҷидааст. Шоир дар пайравии шоирони форсу тоҷик хома ронда, дар байни дӯстдорони каломи мавзун бештар бо ғазал ва рубоию дубайтиҳои худ мақбулият дорад. Чунончи, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев дар китоби худ '''«Асрори шеъри шоир»''' ''(Андар шиносондани Паймон ва осори ӯ. Тошканд: Paradigma, 2017, саҳ.41)'' овардааст:'' ''«Шоир дар пайравӣ ба шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ тавонистааст ба ғазал рӯҳу равони тоза бахшида, ба воситаи он масъалаҳои муҳими рӯзгор — инсонпарварӣ, башардӯстӣ, адлу инсоф, накӯкорӣ, дилёбӣ, ахлоқи ҳамидаи инсониро баён кунад ва ба ин васила диққати муосирону баъдиниёнро ба масъалаҳои созандаи ҳаёти ҷомеа ҷалб созад. Метавон гуфт, ки ғазал дар эҷодиёти ин шоир мавқеи муҳим дошта, ифодагари камолоти ҳунари шоирии ӯст». Аз ин лиҳоз, шоир ояндаи хешро танҳо дар шеър мебинад:

;Давоми мост шеъри гуфтаи мо,
Line 53 ⟶ 40:
;Хаёли хотири ошуфтаи мо...

=== Шеър ===
Қаламиҳои Паймон ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дасти хонандагон расидаанд. Дертар маҷмӯаи шеърҳои ӯ дар баёзҳои дастаҷамъии чопшуда дар Душанбе — «Чакомаи пирӯзӣ» (1990), «Чил қалам» (1991), «Боли парвоз» (1991) ва Тошканд — «Каҳкашони орзу», «Гулистони адаб», «Чароғи маърифат», рӯнамоӣ шудаанд. Мухлисони каломи ноби шоир китобҳои ҷудогонаи ашъори ӯро бо асомии «Санги навишта» (Душанбе: Адиб, 1991), «Шабовез» (Тошканд: Ёзувчи, 2000) ва «Шабоҳанг» (Тошканд: Шарқ, 2012) дастрас намудаанд. Ҳоло зиндагинома ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои тоҷикии таҳсили ҳамагонии Ӯзбекистон омӯзонида мешавад.

=== Тарҷумонӣ ===
==Дарунмояи шеъри Паймон ==
Паймон дар тарҷумаи бадеӣ низ дасти тамом дорад. Ӯ ашъори шоирони классику муосири ӯзбек Алишер Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Нодирабегим, Ғафур Ғулом, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Азим Суюн,Умида Абдуазимова, Фарида Афрӯз ва дигаронро ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин тарҷумаҳое аз шоирони рус дорад.
Дар шаклгирии шеъри Паймон дарунмоя, яъне мазмуну муҳтавои навиштаҳо нақши муҳим дорад. Ба ибораи дигар, мазмуни шеър шакл, вазну оҳанг ва қофияро ташаккул додааст. Дар ин замина адабиётшинос Ҷумъақул Ҳамроев муҳтаво ва мундариҷаи шеъри шоирро таҳлилу баррасӣ карда чеҳраи ҳунарии ӯро бозтоб медиҳад ва дарунмояи ашъори ба табъ расидаи Паймонро дар кул ба панҷ мавзӯъ дастабандӣ мекунад («Асрори шеъри шоир», саҳ.51-82):

Осори Паймон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои «Боғи бисёрдарахт» ''(гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004)'', «Аз Самарқанди чу қанд» ''(Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005)'', «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» ''(Теҳрон, 2005)'', «Намунаҳои шеъри Ӯзбекистон» ''(Порис, 2006)'', «Форсисароёни Ӯзбекистон» ''(Теҳрон, 2010)'' буда метавонанд.
1. Шеърҳое, ки мазмуни торихиву миллӣ доранд ва дар онҳо аз гузаштаи пурҳаводису фарҳангии мардуми тоҷик, забони он ва пайвандҳояш бо дигар қавму миллатҳо сухан ба миён меояд. Ба вижа, Ватан ва мавқеи торихиву фарҳангии он дар ин гуна шеърҳо ҷойгоҳи хос дорад. Чунончи, ин маъниро силсилашеърҳои шоир дар бораи Синтоб, шеърҳои «Душанбе», «Шавқи дидор», «Дуои шодбош», «Шом дар гарданаи кӯҳистон», «Ҳаст то кӯҳе», «Баҳория», «Забони барқу борон», «Баҳоро, ёд кардам боз», «Сафедкафтарони барф», «Ҳалқа бар дар мезанад Наврӯз боз» тараннум мекунанд. Хеле ҷолиб аст, ки муҳаббати шоир аз зодгоҳу азизони деҳотӣ оғоз ёфта то арши бузургдошти маконҳои муқаддас, ба монанди Самарқанду Бухоро ва бузургони миллат — аз Рӯдакӣ сар карда то Айниву Лоиқу Бозор Собир, доман паҳн мекунад. Аз ҷумла, дар шеъри «Пайванд» шоир бо эҳсоси хоси шоирона пайғом медиҳад, ки пайкараи устод Рӯдакиро дар Самарқанди бостонӣ гузоштаанд:

;Мужда, ай қавм, к-аз азизонат,
;Боз андар барат яке омад.
;Тай зада даҳри гирдгардонро
;Нури чашми ту – Рӯдакӣ омад....

2. Дар шеъри Паймон шукӯҳу ифтихори гузашта, адабиёту забон ва фарҳангу расму ойини аҷдодӣ мақоми назаррас дорад. Ин гуна шеърҳои шоир миллатро ҳушдор месозад, ки халқи тоҷик дорои гузаштаи пурнури илмиву фарҳангӣ ва забону одобу осори беназир аст. Дар ин замина месазад аз силсилаи шеърҳои «Фирор аз бехудӣ бар худ» ёд кард. Ин силсила аз дувоздаҳ шеър иборат буда, шеърҳо миёни ҳамдигар ҳамбастагии қавии шакливу маънавӣ доранд. Баъдан шоир онро такмил дода, боз даҳ шеъри дигарро илова кардааст. Силсилаи мазкур аз дебочаю анҷом, ки ба шакли чаҳорпора навишта шудаанд ва шеърҳои дарунӣ дар шакли ғазалу маснавӣ иборат мебошад. Шоир дар ин силсила аз шукӯҳу осори бесобиқаи гузаштагони бузург, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Иқбол, Айнӣ, рӯйиҳамрафта, то Лоиқи ширингуфтор сухан мегӯяд ва худшиносии миллиро ба наҳви аҳсан талқин мекунад. Чунончи, нахустин шеъри он таҳти унвони «Одамушшуаро Рӯдакӣ» чунин аст:

;«Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд»
;Бо кайфияти бӯйи Бухоро ба ман ояд.

;Чун аз рухи оина, яқин сурати ҳолам,
;Пайдо ҳама аз рӯйи Бухоро ба ман ояд.

;Оҳуи Хутанро чӣ кунам, к-оҳуи ман нест,
;Рӯзе расад, оҳуи Бухоро ба ман ояд.

;Овозаи Сомони бузург аз раҳи торих,
;Бо шевани Омуи Бухоро ба ман ояд.

;Овои равонбахши дарӣ ҳар шабу ҳар рӯз,
;Аз ҳар дару ҳар кӯйи Бухоро ба ман ояд.

;Оре, навазад бод чунин н-аз ҳама ҷониб,
;Ин мушк зи мушкӯйи Бухоро ба ман ояд.

;Паймон, накунӣ вирду дуояш нафасе тарк,
;То пири дуогӯйи Бухоро ба ман ояд.

Гузашта аз ин, дар ёдоварӣ ва зинда сохтани мероси маънавӣ ва расму оини миллӣ шеърҳои наврӯзии шоир аҳамияти вижа доранд. Бе муболиға, дар байни шоирони муосири форсӣ-тоҷикигӯй Паймон яке аз пурбортарин хоманигороне аст, ки дар васфи Наврӯз шеър гуфтааст. Ӯ ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷамро бо шодмонии беҳад истиқбол мекунад:

;Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
;Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
;Ин суннати неки Ҷам бар халқи ҳама олам,
;Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!...

3. Ашъори ватанхоҳии Паймон аз васфи муҷаррад ва ҳамду санои умумӣ холӣ буда, тасвири табиати диёр ва унсурҳои он равиши тозаи ҳунарии ӯро дар ин замина ошкор месозад. Ба мисраъҳои шеърӣ кашидани васфи манзараҳои диёр, рӯду чашмасор, кӯҳу кӯҳтал, дашту даман ва ҳатто, ҷашни Наврӯз ҳамчун тимсоли табиати зебову абадзинда, аз ғановати дарунмояи шеъри шоир дарак медиҳад. Ин гуна зебоипарастӣ ва шинохти ҳусни бебаҳои табиату атрофро метавон дар шеърҳои «Чун занад борон…», «Баҳор мерасад», «Аз таҳи сангу аз сари ёла», «Абрҳо», «Бигзарам ҳар субҳдам аз боғ» ва ғайра мушоҳида кард. Чунончи, шеъри бонафосати «Баҳор мерасад» бо васфи шаршараи Обҷаҳ, ки дар фарози деҳаи Синтаб қарор дорад, оғоз меёбад:

;Аз Обҷаҳ садои обшор мерасад,
;Ба рӯҳу ҷон ҳавои чашмасор мерасад.
;Мабош бехабар, ки зиндагӣ ба коми туст,
;Баҳор мерасад, бубин, баҳор мерасад...

4. Ифтихор аз забон ва фарҳанги гузаштагон яке дигар аз мавзуоти писандидаи Паймон аст. Шоир ба хубӣ эҳсос карда, ки дар баробари шинохти забон ва нақшу ҷойгоҳи он дар ҳаёти ҷомеаи миллӣ масъулият дорад. Аз ҷумла, шеъри «Забони барқу борон» дар ин робита мазмуни амиқу муассир дорад, ки банди аввалаш чунин аст:

;Забони ман, забони модари ман,
;Ки дорад з-оташи Зардушт бахше.
;Ба рағми кулли хасми мурдарӯҳаш,
;Зи худ наҷво диҳад гаҳ чун дурахше...

Паймон на танҳо ба ҳайси корманди рӯзномаи «Овози тоҷик», ҳамчунин ба унвони як нафар дӯстдори рӯзномаҳои тоҷикии кишвари худ шеърҳое дар васфи чунин нашрияҳо навиштааст ва ошкоро пуштибонию ҳусни нияти худро нисбати забону дастовардҳои миллӣ ироа мекунад. Аз ҷумла, шеърҳои «Овози тоҷик», «Ниёиш» ва силсилаи дубайтиҳо таҳти унвони «Нозтаронаҳо» далели ин гуфта аст. Дубайтӣ:

;Дар ин «Овоз»-и пайванди Самарқанд,
;Ҷигарбанди барӯманди Самарқанд.
;Аҷаб набвад, агар печида ёбанд,
;Равону банд дар банди Самарқанд.

5. Арзёбии қадриятҳои адабию фарҳангии тоҷикону ӯзбекон, тасвири дӯстию ҳамзистӣ ва дастовардҳои мутақобилаи илмию фарҳангӣ ҷузъи дигари ашъори ватанхоҳонаи Паймон аст ва дарунмояи шеъри ӯро оро медиҳад. Билхосса, вақте ки дар бораи Айнӣ, Сотим Улуғзода барин бузургони миллат шеър мегӯяд ва ашъори шоирони ӯзбекро ба форсӣ-тоҷикӣ бармегардонад, орзуву ниятҳои неки ӯ бо бо авомили башардӯстона тавъам мешавад.

Чунончи, тарҷумаи ғазалу рубоиёт ва ҳикматҳо, билхосса, асари «Назм-ул-ҷавоҳир»-и Мир Алишери Навоӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Паймон забони ӯзбакӣ (туркӣ)-ро ба наҳви аҳсан балад аст. Китоби «Назм-ул-ҷавоҳир» бо дастгирии пажӯҳишгари эронӣ Баҳман Акбарӣ дар Теҳрон ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки рубоиёти ин асар бар асоси ҳикматҳои Ҳазрати Алӣ ва ба шакли рубоии чаҳорқофия эҷод гардида, мутарҷим низ онҳоро дар ҳамин шакл ва бо маъниву мавзӯи муносиб баргардон кардааст. Аз ҷумла:

;Он кас, ки зи баҳри карам огоҳ бувад,
;Маълум шуд ӯ ба аҳли дил шоҳ бувад.
;Ҳам роҳнамои кулли гумроҳ бувад,
;Беша-ст ҷаҳон ӯ Асадуллоҳ бувад.

== Намунаҳо аз ашъор ==

== Намунаҳо аз ашъор ==
=== Шеъру ғазал ===
{{Сут|2}}
Line 223 ⟶ 141:
{{охири сут}}

=== ТарҷумаҳоМукофоту унвонҳо ===
Паймон дар тӯли зиндагии худ ҳар гуна кору вазифаро аз сидқи дил ва эҷодкорона бо саъю талоши фавқулода баланд анҷом додааст. Ин фидокориҳо буда, ки пайи ҳам ба чунин муваффақиятҳо ноил мегардад: соли 1985 — шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди журналистони иттиҳоди Шӯравии собиқ; соли 1995 — пазируфта шудан ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон; соли 1996 — дарёфти унвони «Журналисти беҳтарини сол» ва медали «Шуҳрат» (дар Ӯзбекистон); соли 1997 — гирифтани унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон»; соли 2010 — пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сазовор шудан ба унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон».
{{Сут|2}}

;(ғазал аз Навоӣ)

Чашмат чи бало сиёҳ бошад,

З-он ҳоли дилам табоҳ бошад.

Бинмуд ҳама давои ман дард,

Дардат, ки ҳамам рафоҳ бошад.

Дар ишқ фидои ӯст сад ҷон,

Ҳар ҷон, ки яқин сипоҳ бошад.

Бегона аз ошност, яъне,

Ёрест, ки ғайрхоҳ бошад.

То кард ҳавои рӯят, оре,

Рӯзи дили мо сиёҳ бошад.

Дарёфт бақо ҳар он ки фонист,

Бар фонӣ бақо паноҳ бошад.

То гуфт Навоӣ ояти ишқ,

Он зикри гадову шоҳ бошад.

;(рубоиҳо аз Навоӣ)
Моро ту зи ҷон азизӣ, ай умри азиз,

Ҷон чист? Аз он азизӣ, ай умри азиз.

Аз ҳар чӣ варо зиёда медорам дӯст,

Чандону гарон азизӣ, ай умри азиз!

Гар ошиқӣ, аз зебу такаллуф бигузар,

Дар неку бад аз заъфу тахаллуф бигузар.

Бад омад агарчи, аз таассуф бигузар,

В-ар нек расид аз тасарруф бигузар.

Нутқ аст, ки бар мурда нишони ҷон аст,

Нутқ аст, ки бар ҷон хабар аз ҷонон аст.

Бо нутқ башар фаротар аз ҳайвон аст,

Медон гуҳаре нест, ки беҳ аз он аст.

{{охири сут}}

== Сарчашма ==
1. Тӯйназар, Б. Мурғи ҳақгӯйи Паймон: эссе / «Овози тоҷик», 26 .04.2000.

2. Ҳамроев, Ҷ. Раҳшиноси қадамгоҳи шеър: мақола / «Овози тоҷик», 18.12.2002.