Паймон (шоир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 37:
Паймон пас аз хатми донишгоҳ ба назди падару модар баргашта, дар мактабҳои миёнаи деҳоти Моҷарм ва Синтоб аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1982, пас аз он ки очерки ӯ таҳти унвони «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба табъ мерасад, аз сӯйи мудирияти рӯзнома ба кор даъват мешавад. Ҳамин тавр, баробари хотима ёфтани соли таҳсили 1981—1982 бо фотиҳаи падар роҳи Тошкандро пеш мегирад ва баъд аз суҳбату шиносоӣ бо сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз соли 1986 инҷониб мудири бахши фарҳанги «Овози тоҷик» аст. Ӯ хонаводаи обод ва фарзандони солеҳ дорад. Ҳамсараш Идигул, писаронаш Хусраву Манучеҳр, духтараш Муниса ва наберагон ғамхорию меҳрубониҳои худро барояш дареғ намедоранд.
 
== ФаъолитиФаъолияти эҷодӣ ==
Бо таваҷҷӯҳ ба китобҳое, ки ашъори Паймонро фаро мегиранд, муддатзамони эҷодиёти ӯро мешавад ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи авввали эҷодӣ то соли 1991, яъне то замони чопи китоби «Санги навишта» буда, шеърҳои шоирро дар жанрҳои қитъаю чаҳорпора ва ғазалу рубоию дубайтӣ фаро мегирад. Дар ин давра бо мурури замон такмил ёфтани ҳунари шеъргӯйӣ ва саъю кӯшишҳои шоир дар пайдо кардани роҳи вижаи сухангустарӣ мушоҳида мегардад. Марҳилаи дуюми эҷодӣ мутааллиқ ба солҳои 1991—2000 мебошад, ки дар китоби «Шабовез» ҷамъбаст шудааст. Ин марҳиларо метавон ба унвони давраи ташаккул ва таҳаввули шеър, вусъат ва умқи нигоҳ, тавсиаи доираи мавзӯъофаринӣ, кӯшиши боли парвоз бахшидан ба шеъри асил арзёбӣ кард. Ниҳоят, марҳилаи сеюми эҷодӣ давраи аз соли 2000 ба баъдро фаро мегирад, ки ин марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ, замони таҳаввули сабк, тағйири ҷаҳоншиносӣ, дарёфти мавзӯъ ва масоили мубрами ҳаётӣ мебошад. Ин марҳилаи эҷодӣ дар охирин китоби шоир «Шабоҳанг» ва ашъори парокандае, ки ягон-ягон ҷамъ мешаванд, мунъакис ёфтааст.