Апория: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
'''Апория''' ({{lang-el|ἀπορία}} — беилоҷӣ, ногузир) — мафҳумест, ки дар [[фалсафаи антиқа]] ба масъалаҳои душвору ҳалнашаванда ишорат менамуд.
 
Файласуфи [[Юнони Қадим]] [[Зенони Элейӣ]] (а. 5 то м.) дар апорияҳои худ душвориҳоеро баён мекард, ки дар сурати эҳтимолияти бисёрии ашё ва ҳаракати онҳо ба вуҷуд меоянд. Зенон дар апорияҳои «Тири паррон», «Ахиллес ва сангпушт», «Дихотомия» (Дутақсимӣ), «Давра» дар бобати имконияти тасаввури ашё ҳамчун касратҳо сухан ба миён меорад. Аз ин рӯ, ба ӯ зиддиятнокии чунин тасаввуротро нисбат медиҳанд, ки ба равнақи диалектикаи антиқа мусоидат намуд. Вале аз зиддиятнокии ҳаракат хулосаи хато бароварда мешуд, ки гӯё ҳаракат вуҷуд надорад. Яъне аз рӯи таҷрибаи ҳиссӣ Ахилли тезгард ба сангпушт расида наметавонад, зеро дуюмӣ низ дар ҳаракат аст ва фосилаеро тай мекунад. Гегел ба ин хулоса розӣ нашуда, қайд мекунад, ки ҳама гуна ҳаракат зиддиятнок аст, ҷисми ҳаракаткунанда айни замон ҳамин ҷост ва ҳам нест. Ҳаракат моҳияти вақту фазо буда, ду мафҳум — беинтиҳоӣ ва фосиланокӣ онро ифода менамоянд. апория ҳамчун як навъ ифодаи манфии диалектикаи муносибати мутақобилаи олами воқеӣ ва инъикоси он дар тафаккур ба инкишофи минбаъдаи мантиқ ва назарияи дониш таъсири калон гузоштааст. Масъалаҳои марбут бо он дар алоқамандӣ бо дигар масоили мантиқ ва назарияи маърифат баррасӣ мегарданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Апория"