Мустафо Шарқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |ном = МУСТАФО ШАРҚӢ |номи аслӣ = |тасвир = |тавсифи тасвир = |но...
(бе тафовут)

Нусха 13:06, 4 Январ 2018

МУСТАФО ШАРҚӢ (11 октябри 1920, деҳаи Қаратоғ, ноҳияи Ҳисор5 октябри 1985) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1961).

МУСТАФО ШАРҚӢ
Таърихи таваллуд: 1920
Зодгоҳ: Қаратоғ, ноҳияи Ҳисор
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

МУСТАФО ШАРҚӢ (Назаров Мустафо) 11 октябри соли 1920 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Дар Омӯзишгоҳи саноат таҳсил кардааст. Котиби масъули рӯзномаи «Норак» будааст. Соли 1940 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – артиллерист будааст. Соли 1946 ба ватан баргашта, дар нашрияҳои бачагон кор кардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикоя барои бачагон – «Ҷӯраҳо» (1958), «Мададгорони бобо»(1960), «Мададгорони бобо»(1960), «Кабӯтарони сулҳ» (1964) ва ғ. мебошад. Китоби ҳикояву очеркҳояш «Меҳри модар» соли 1965 аз чоп баромадааст. Баъдан маҷмӯаи «Ҳикояҳо» (1975), «Ёру ҷӯраҳо» (1978) ва қиссаи «Таркиши охирин» (1978)-аш ба табъ расидаанд. Бо чанд ордену медали ҷангӣ сарфароз гардидааст. Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 5 октябри соли 1985 аз олам даргузашт.

Осор

  • «Ҷӯраҳо» (1958)
  • «Мададгорони бобо»(1960)
  • «Мададгорони бобо»(1960)
  • «Кабӯтарони сулҳ» (1964)
  • «Меҳри модар» (1965)
  • «Ҳикояҳо» (1975)
  • «Ёру ҷӯраҳо» (1978)
  • «Таркиши охирин» (1978)

Сарчашма

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 295 ISBN 978-99947-2-379-9