Паймон (шоир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 41:
Бо таваҷҷӯҳ ба китобҳое, ки ашъори Паймонро фаро мегиранд, муддатзамони эҷодиёти ӯро мешавад ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи авввали эҷодӣ то соли 1991, яъне то замони чопи китоби «Санги навишта» буда, шеърҳои шоирро дар жанрҳои қитъаю чаҳорпора ва ғазалу рубоию дубайтӣ фаро мегирад. Дар ин давра бо мурури замон такмил ёфтани ҳунари шеъргӯйӣ ва саъю кӯшишҳои шоир дар пайдо кардани роҳи вижаи сухангустарӣ мушоҳида мегардад. Марҳилаи дуюми эҷодӣ мутааллиқ ба солҳои 1991—2000 мебошад, ки дар китоби «Шабовез» ҷамъбаст шудааст. Ин марҳиларо метавон ба унвони давраи ташаккул ва таҳаввули шеър, вусъат ва умқи нигоҳ, тавсиаи доираи мавзӯъофаринӣ, кӯшиши боли парвоз бахшидан ба шеъри асил арзёбӣ кард. Ниҳоят, марҳилаи сеюми эҷодӣ давраи аз соли 2000 ба баъдро фаро мегирад, ки ин марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ, замони таҳаввули сабк, тағйири ҷаҳоншиносӣ, дарёфти мавзӯъ ва масоили мубрами ҳаётӣ мебошад. Ин марҳилаи эҷодӣ дар охирин китоби шоир «Шабоҳанг» ва ашъори парокандае, ки ягон-ягон ҷамъ мешаванд, мунъакис ёфтааст.
 
Дар осори манзуми Паймон навъи ғаноии шеър ҷойгоҳи хос дорад ва дар жанрҳои мухталиф, ба мисли [[дубайтӣ]], [[рубоӣ]], [[қитъа]], [[маснавӣ]], [[ғазал]], [[мусаммат]], [[тарҷеот]], [[мустазод]] ва [[шеъри нав]], тавони килки худро санҷидааст. Шоир дар пайравии шоирони форсу тоҷик хома ронда, дар байни дӯстдорони каломи мавзун бештар бо ғазал ва рубоию дубайтиҳои худ мақбулият дорад. Чунончи, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор [[Ҷумъа Ҳамроев]] дар китоби худ '''«Асрори шеъри шоир»''' ''(Андар шиносондани Паймон ва осори ӯ. Тошканд: Paradigma, 2017, саҳ.41)'' овардааст: «Шоир дар пайравӣ ба шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ тавонистааст ба ғазал рӯҳу равони тоза бахшида, ба воситаи он масъалаҳои муҳими рӯзгор — инсонпарварӣ, башардӯстӣ, адлу инсоф, накӯкорӣ, дилёбӣ, ахлоқи ҳамидаи инсониро баён кунад ва ба ин васила диққати муосирону баъдиниёнро ба масъалаҳои созандаи ҳаёти ҷомеа ҷалб созад. Метавон гуфт, ки ғазал дар эҷодиёти ин шоир мавқеи муҳим дошта, ифодагари камолоти ҳунари шоирии ӯст». Аз ин лиҳоз, шоир ояндаи хешро танҳо дар шеър мебинад:
 
;Давоми мост шеъри гуфтаи мо,