Паймон (шоир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 43:
Дар осори манзуми Паймон навъи ғаноии шеър ҷойгоҳи хос дорад ва дар жанрҳои мухталиф, ба мисли [[дубайтӣ]], [[рубоӣ]], [[қитъа]], [[маснавӣ]], [[ғазал]], [[мусаммат]], [[тарҷеот]], [[мустазод]] ва [[шеъри нав]], тавони килки худро санҷидааст. Шоир дар пайравии шоирони форсу тоҷик хома ронда, дар байни дӯстдорони каломи мавзун бештар бо ғазал ва рубоию дубайтиҳои худ мақбулият дорад. Чунончи, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор [[Ҷумъа Ҳамроев]] дар китоби худ '''«Асрори шеъри шоир»''' ''(Андар шиносондани Паймон ва осори ӯ. Тошканд: Paradigma, 2017, саҳ.41)'' овардааст: «Шоир дар пайравӣ ба шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ тавонистааст ба ғазал рӯҳу равони тоза бахшида, ба воситаи он масъалаҳои муҳими рӯзгор — инсонпарварӣ, башардӯстӣ, адлу инсоф, накӯкорӣ, дилёбӣ, ахлоқи ҳамидаи инсониро баён кунад ва ба ин васила диққати муосирону баъдиниёнро ба масъалаҳои созандаи ҳаёти ҷомеа ҷалб созад. Метавон гуфт, ки ғазал дар эҷодиёти ин шоир мавқеи муҳим дошта, ифодагари камолоти ҳунари шоирии ӯст». Аз ин лиҳоз, шоир ояндаи хешро танҳо дар шеър мебинад:{{аввали иқтибос}}''Давоми мост шеъри гуфтаи мо,
''Гуҳарҳои ба мижгон суфтаи мо.
 
''Ба боғи ёди ёрон мушк безад,
''Хаёли хотири ошуфтаи мо…''{{охири иқтибос}}