Авесто: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Avesta, translated by Ignacy Pietraszewski.jpg|thumbnail|Авесто]]
'''Авесто''' - ''Авасто'', ''Абасто'', китоби муқаддаси [[зардуштияЗардуштия]], бо [[забони авестоӣ]] навишта шудааст, қадимтарин асари [[адабиёти форс-тоҷик]] - ойини халқҳои эронинажоди қадим.
 
Авесто - яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халқи тоҷик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифоҳӣ аз ҷониби мубадони зардуштӣ аз даҳон ба даҳон мегузашт. Забони авестоӣ аз қадимтарин ва муҳимтарин забонҳои қадими эронӣ ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эҷод гардидани Авесто онро забони авестоӣ меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод) таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он таҳрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп [[Зардушт]] Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳи ҷой дода буд. Он вақт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб ҷудо мешуд. [[Искандари Мақдунӣ]] соли 331-и қабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онро [[Искандари Мақдунӣ]] ба ватани худ бурда, матнашро ба юнонӣ тарҷума намуд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авесто"