Фисоғурис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ, removed: * using AWB
Сатри 19:
Баъдтар Пифагор дар дайру майдонҳо ваъз гуфтанро тарк карда, таълимоти шогирдонро дар хона ба роҳ мемонад. Усули таълимаш басо мураккаб буд. Шогирдонро аз 3 то 5 сол месанҷид. Дар ин муддат шогирд ҳақи сухан рондан надошт, саволе намедод, танҳо устодро мешунид. Яъне сифатҳои пуртоқатию фурӯтании шогирдон аз санҷиш мегузаштанд. Пифагор аз тиб, назокатҳои фаъолияти сиёсӣ, кайҳоншиносӣ, риёзиёт, мусиқӣ, этика ва ғайраҳо ба шогирдон сабақ медод. Дар мактаби ӯ бисёр арбобони сиёсию давлатӣ, таърихдонҳо, математикҳо ва ситорашиносон сабзиданд.
== Фаъолияти илмӣ ==
Дар соҳаи [[геометрия]] низ саҳми Пифагор бузург аст. Теоремаи собитсохтааш номи ӯро дороет. Пифагор асосгузори таълимоти динию фалсафии ''Пифагореизм'' (файсогурасия) мебошад. Пифагореизм ба ташаккул ва таркиби арифметикию геометрии унсурҳо аҳамият дода, онҳоро ба астрономия алоқаманд медонист, «ҳамаи чизҳо- асли адад», мегуфт. Яъне асоси Пифагореизм таълимотест дар бораи ададҳо. Таълимот ба ададҳо мазмуни ҳаётӣ медиҳад. Даҳ ҳосили ҷамъи чор адади аввал аст (1+2+3+4=10), ки дар он як ифодагари адади ягона, ду - ҳаракат ба сӯи номаълумӣ, се - нуқтаи [[беинтиҳоӣ]], чор - таҷассуми ҷисмонии шаклҳои мазкур мебошанд. Боз онҳо мегуфтанд, ки нуқта бо адади як, хат бо ду рақам, ҳамворӣ бо се ва ҳаҷм бо чор адад чен карда мешаванд.
Ғайр аз ин ба фалсафа мафҳумҳои ба ҳам зид (тазод)-ро низ пифагорейҳо ворид сохтанд. Онҳо ҷадвали даҳҷуфтаи ба ҳам зидҳоро тартиб доданд: интиҳо ва беинтиҳоӣ (ҳудуд вабеҳудудӣ), тоқ ва ҷуфт, як ва бисёр, рост ва чап, мард ва зан, ором ва ҷунбанда, рост ва каҷ, нур ва зулмот, некй ва бадй, мураббаъ ва чоркунҷа. Яъне, Пифагор ва пайравонаш мехостанд ҳаёти воқеиро дар муносибат бо ададҳо алоқаманд созанд. Ба Пифагор таълимот дар хусуси метемпсихоз, яъне аз як ҷисм ба ҷисми дигар интиқол ёфтани рӯҳро низ нисбат медиҳанд. Гӯё ӯ таъкид карда бошад, ки вай нахуст Эфалид, писари Ҳермес, буд. Баъд рӯҳаш дар растаниҳо ҷой гирифт, сипас ба ҷисми Эвфорб, яке аз қаҳрамонони муҳорибаи Троя, гузашт, аз вай боз ба тани ду нафари дигар.