Паразитология: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Паразитология''' ({{lang-el|παράσιτολογία}}; аз {{lang-grc|παράσιτος}} «паразит» + {{lang-grc2|[[логос|λόγος]...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Паразитология''' ({{lang-el|παράσιτολογία}}; аз {{lang-grc|παράσιτος}} «[[паразит]]» + {{lang-grc2|[[логос|λόγος]]}} «дониш, [[илм]]») — илми биологии комплексиест, ки зуҳуроти паразитизми олами ҳайнонотро ҳаматарафа меомӯзад.

== Илми паразитология ==
Паразитология илмест, ки ба­рои (ҳифви сиҳатии одам ва ҳайво­нот хизмат мекунад, зидди паразит­ҳо ва қасалиҳои сироятӣ даво меёбад. Аз ин ҷиҳат Паразитологияпаразитология бо илмҳои зо­ология, ботаника, тиб, ветеринария, химия ва ғайра сахт вобаста аст. Паразитология бо масъалаҳои экологӣ низ машғул аст, зеро он муносибати байни паразиту ҳомилро муайнн менамояд ва то чӣ андоза бо таъсири муҳити беруна вобаста будани онҳоро тадқиқ меку­над.
 
Бо вуҷуди ин аз илми экология тафовут дорад. Зеро организми ҳомил барои паразит муҳити беруна аст ва он муҳит ба паразит тавассути организми ҳомил таъсир мерасонад. Паразитологияи замони ҳозира методҳои тадқиқоти биохимиявӣ, иммунологӣ ва электронию микроскопиро васеъ истифода мебарад. Истифодаи методи иммунологӣ хусусиятҳои муносибати ботинии паразиту, ҳомилро зоҳир мегардонад.
Line 5 ⟶ 8:
Тадқиқи микрос­копию электронии паразитҳои соддатарин (якҳуҷайрагӣ) нишон медиҳад, ки онҳо бар хилофи ақидаи пе­шина сохти мураккаб доранд. Маълум гардид, ки паразитҳои дохили ҳуҷайра бо роҳи аз ин пеш ба илм номаълум — ба воситаи «ултраситостомҳо» (онҳоро бо микроскопи опти­кӣ дида тавонистан амри муҳол аст) ва пинотситоз (моеъро якҷоя бо моддаҳои дар вай ҳалшуда ҷабида гирифтани рӯи ҳуҷайра) ғизо мегиранд.
 
== Самтҳои илмӣ ==
Паразитология ба якчанд соҳа тақсим мешавад:
* Паразитологияи умумӣ (қонуниятҳои муштараки паразитизмро меомӯзад),
Line 11 ⟶ 15:
* Паразитологияи агрономӣ ё фитолатологӣ (паразитҳои растаниро меомӯзад).
 
== Тадқиқи паразитҳо ==
Тадқиқи паразитҳо, ки бештари онҳо ба таҳаввулоти гурӯҳҳои муайяни ҳомил зич алоқаманданд, барои муаёянмуайян кардани филогения ва роҳҳои ташаккули фаунаи ҳомил маълумоти муҳим медиҳад. Дар Паразитологияиипаразитологияии замони ҳозира проблемаи махсусият, яъне ба як ҳомили муайян ё як гурӯҳи ҳомилои (муҳити зист) мутобиқ шудани паразитҳо аҳамияти калон пайдо мекунад, чунончи, паразити якхҳҷаира (Leishmania tropica) танҳо дар ҳуҷайраҳои сафеди хун (лейкотситҳо), эндотелияи рагчаҳои пӯсти одам зиндагӣ карда, касалии лейшманиози пӯст (пашшахурда, ҷароҳати пендинӣ, ҷароҳати бағдодӣ)-ро ба вуҷуд меорад. Паразитҳое мавҷуданд, ки фақат дар организми ҳомил зиндагӣ карда метавонанд, масалан, паразитҳои хуни одам Plasmodium vivax, Pl.falciparum, Pl. Tropica , ки онҳоро паразитҳои хоси маҳдуд меноманд.
 
Паразитҳое ҳастанд, ки ҳомили бисёр доранд — дар ҷинсҳо, оилаҳо ва ҳатто қаторҳои ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Ин гу­на паразитҳо (аз қабили кайк, хармагас, канаи иксодӣ ва ғайра) ҳамроҳи соҳиби худ, яъне ҳомиле. ки барояшон муҳити зист аст, дар рӯи за­мин паҳн шуда метавонанд. Муҳити зисти паразит ду хел мешавад: му­ҳити дараҷаи аввал — организми ҳомил, муҳити дараҷаи дуюм — муҳите, ки нисбат ба ҳомили паразит таъсири беруна ҳисоб меёбад. Мувофиқи ақидаӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел, таъсири беруна ба па­разит тавассути муҳити дараҷаи ав­вал, яъне ба воситаи организми ҳо­мил мегузарад. Мушоҳидаҳои В. А. Догел нишон доданд, ки паразитҳои организм аз таъсири беруна тағйир меёбанд, Вазъи физиологии организми ҳомил низ дар тағйири таркиби онон аҳамияти калон дорад. Асосгузорони равияӣ Паразитологияи экологӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел ,мебошанд.
 
Дар ҳар як организм паразитҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Чунончи, паразитҳои якҳуҷайра дар хун,. руӯда, паразитҳои паҳнкирм дар ҷигар, рӯда, паразитҳои гирдкирм дар майнаи сар, гурда, чашм, таҳти пӯст ва ғайра дучор мешаванд. Маҷмӯи паразитҳои организми ҳомилро паразитосеноз меноманд. Таркиби паразитотсеноз вобаста ба дигаргуншавии шароити беруна ва ҳолати физиологии организми ҳомил тағйир меёбад. Таркиби паразитотсенози ҳайвони алафхур аз дарранда фарқ мекунад.
 
== Аҳамият ва корбурд ==
Паразитологияи барои экология, палеогеогра­фия, ҳалли проблемаҳои гуногун, таълимоти эволютсионӣ материали фаровон медиҳад. Тадқиқоти алоқаҳои мураккаби байни паразит ва муҳит аҳамияти назарӣ дорад ва ба­рои дарёфтани чораҳои зидди пара­зит зарур аст. Бинобар ин Паразитология бо эпи­демиология ва эпизоотология алоқаи зич дорад.
 
Line 27 ⟶ 33:
Дар нимаи дуюми асри 19 мавҷудияти як қатор паразитҳои соддатарин ва барои одам (безгак, лейшманиоз ва ғайра) ва ҳайвоноти хонагӣ (пироплазмоз, тейлориоз, коктсидиозҳо ва ғайра) хавфнок ошкор гардид. Дар Рос­сия Г. Гросс аввалин шуда амёбаи паразити одам ва Д. Ф. Лямол паразити соддатарин (якҳуҷайра)— лямблияро кашф карданд. Тадқиқоти паразитологӣ баъди Револютсияи Октябр ба таври амалӣ ҷараён гирифт, миқдори муассисаҳое, ки бо ҳалли про­блемаҳои Паразитология машғуланд, зиёд шуданд, шумораи коркунони илмӣ — паразитологҳо чанд маротиба афзуд, доир ба систематика ва фаунистикаи гурӯҳҳои гуногуни ҳайвоноти паразит асарҳои калон ба вуҷуд омаданд.
 
== Тадқиқоти па­разитологӣ дар Тоҷикистон ==
Дар Тоҷикистон ба тадқиқоти па­разитологӣ олими барҷастаи рус Е. Н. Павловский бунёд гузошта аст. Маълум аст, ки оид ба муборизаи зидди паразитҳои одам (ришта, киҷҷа, пашшаҳои хунмак ва ғайра) бо­ри аввал Абӯалӣ Сино тавсияҳо пешниҳод кардааст. Илми Паразитология бошад, дар РСС Тоҷикистон танҳо баъд аз омадани экспедитсияи паразитологии Е. Н. Павловский (1928) ба вуҷуд омад ва равнақ ёфт. Е. Н. Павловский бо шогирдонаш барномаи васеи тадқиқоти паразитҳои одам ва ҳайвоноти хонагиро пешниҳод кард ва барои амалӣ гардонидани он соли1932 дар Душанбе Ст. параэвтологӣ ташкил намуд, Худи ҳамон сол дар Душанбе Институти тадқиқоти илмии безгак (вараҷа) таъсис ёфт. Соли 1934 Ст. паразитологӣ бо ташаббуси Е. Н. Павловский ба сектори зоология ва паразитологияи Базаи тоҷикистонни АФ СССР ва соли 1941 ба Институти зоология ва паразито­логия табдил ёфт. Соли 1951 ин институт ба ҳайати муассисаҳои илмии шӯъбаи биологии АФ РСС Тоҷикистон дохил гардид.