Оптика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Оптика''' (юнонӣ optike — илм дар борам идроки босирӣ, аз optos — намоён) — як фасли физикаро гӯян...
 
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Table of Opticks, Cyclopaedia, Volume 2.jpg|thumb|280px|Ҷадвали «Оптика» аз [[Сиклопедия]]и соли 1728.]]
'''ОптикаО́птика''' (юнонӣ optikeаз ''{{lang-grc|ὀπτική}}''  ''оптика, илм дар борамбораи идроки босирӣ'' , аз ''optos''«намоён») — як фасли [[физика]]ро гӯянд, ки дар он табиати афканиши оптикӣ (рӯшноӣ), пахноиши он дар муҳитҳои гуногуни физикӣ ва ҳодисаҳое, ки ҳангоми таъсири мутақобили рӯшноӣ ва модда ба амал меоянд, омӯхта мешаванд.
 
Афканишоти оп­тикӣ яке аз намудҳои мавҷҳои элек­тромагнитӣ аст, бинобар ин Оптика як қисми таълимоти умумӣ дар бораи майдони электромагнитӣ мебошад. Диапазони оптикии дарозиҳои мавҷ (X) хеле васеъ буда, аз як тараф бо шуоъҳои рентгенӣ (X якчанд А) ва аз тарафи дигар бо диапазони мик- рорадиомавҷҳо (X аз якчанд то даҳҳо миллиетр) маҳдуд аст. Оптикаро асосан ба се қисм: физикӣ, геометрӣ ва физи­ологӣ ҷудо мекунанд.
Line 9 ⟶ 10:
Оптикаи мавҷӣ паҳншавии рӯшноиро дар муҳитҳои материалӣ нағз тавсиф карда бошад просессҳои ихроҷ ва фурӯбурди рӯшноиро ба таври қаноатбахш шарҳ, дода натавонист. Тадқиқи ин гуна просессҳо (фотоэффект, табдилоти фотохимиявии молекулаҳо, қонуниятҳои спектрҳон оптикӣ ва ғ.) ва мулоҳизаҳои умумии термодинами­ки дар бораи таъсири мутақобили майдони- электромагнитию модда ба чунин хулоса оварданд, ки системам элементарӣ (атом, молекула) ба май­дони электромагнитӣ фақат бо вояҳои дискретии (квантҳои) мутаносиб ба басомади шуоъафкани (v) энергия дода (ё худ, баръакс, аз он энергия гирифта) метавонад.
 
Бинобар он майдони электромагнитии рушноиро бо сели квантҳои рӯшноӣ  — фотонҳое, ки дар вакуум бо суръати рушноӣ (с = 2,99 • 1010 сантиметр/сония) паҳн мешаванд, мувофиқ гузоштан лозим аст. Ҳодисаҳое, ки дар онҳо ҳангоми таъсири мутақобили рӯшоноӣ ва модда хосиятҳои квантии системаҳои элементарӣ ба аҳамияти калон соҳибанд, дар Оптикаи к в а и т ӣ (бо усулҳои механикаи квантӣ ва электродинамикаи кван- тӣ) омӯхта мешаванд, аммо ҳодисаҳои оптикиеро, ‘ки бо тағйирёбии ҳолатҳои хусусии системаҳои кван­тӣ алоқаманд нестанд, аз нуқтаи назари тасаввуроти мавҷии класси­кӣ ва фотонӣ шарх додан мумкин аст.
 
Ҳамаи соҳаҳои Оптика аҳамияти амалӣ доранд. Масъалаҳои оқилона рав- шан кардани кӯчаҳо, биноҳо, ҷойҳои кор дар истеҳсолот ва ғайраро техникаи рушноӣ дар асоси Оптикаи гео­метрӣ ва фотометрия ҳал мекунад: дар айни замон муваффақиятҳои Оптикаи физикӣ (масалан, барои бунёди манбаъҳои люминессентии рушноӣ) ва технологияи оптикӣ (сохтани оинаҳо, филтрҳои рӯшноӣ, экранҳо ва ғайра) ҳамаҷониба истифода мешаванд.
Line 15 ⟶ 16:
Ҳодисаҳои оптикӣ ва усулҳои дар Оптика коркардашударо бо мақсадҳои таҳлилу тафтиш дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника фаровон истифода мебаранд. Махсусан усулҳои таҳлили спектр июлюминессентие, ки ба алоқамандии структураи атому мо­лекулаҳо бо характери спектрҳои ихрочу фурӯбурд ва спектрҳои пароканиши комбинасионии рушноӣ асос ёфтаанд, аҳамияти калон до­ранд. Аз рӯи спектрҳо ва тағйирё­бии онхо бо мурури вақт ё аз таъ­сири омилҳои беруна ба модда таркиби молекулавию атомӣ, ҳолати агрегатӣ, ҳарорати моддаро муайян кардан, рафти просессҳои физикию химиявиро дар модда тадқиқ кар­дан мумкин аст.
 
Истифодаи лазерҳо дар спектроскопия боиси инкишофи пуравҷи равияи нави он  — спектроскопияи лазерӣ гардид. Таҳлили спектрӣ ва люминессентиро дар соҳаҳои гуногуни физика, астрофизика, геофизика ва физикаи баҳр, химия, биология, тиб, техника, инчунин дар як қатор илмҳои гуманитарӣ-санъатшиносӣ, кримина­листика ва ғайра истифода мебаранд. Дар бисёр соҳаҳои илму техника бошад, Оптика роли асосӣ мебозад.
 
Оптика яке аз фанҳои қадимтарин бу­да, дар ҳамаи давраҳои тараққиёти худ бо эҳтиёҷоти амалии одамон зич алоқаманд буд. Ростхаттагии паҳноиши рӯшноӣ ҳанӯз 5 ҳазор сол пеш аз милод ба мардуми Байнаннаҳрайн (Месопотамия) маълум буд ва дар Мисри Қадим дар корҳои сохтмон истифода мешуд. Арасту (асри 4 то милод), ки ба оптикаи_ атмосферӣ машғул буд, пайдоиши рангинкамонро чун инъикосӣ’ рӯшноӣ аз қатраҳои об медонист. Дар худи ҳамин аср Афлотун ду қонуни мухимтарини Оптикаи геометрӣ: ростхаттагии шуоъҳои рушноӣ ва баробарии кунҷхои афтишу инъикоси рушноиро таъриф додааст. Абӯалии Басрӣ (965—1039) дар “Китоб«Китоб-ул-манозир”манозир» (“Оптика”«Оптика») ном ном асараш сохти чашм ва инъикосу шикасти рӯшноиро дар муҳитҳои гуногун тадқиқ кардааст. Евк­лид (асри 3 то милод) дар асарҳои доир ба Оптика навиштаи худ пайдоиши тасвирҳоротатствирҳоро ҳангоми инъикоси рушноӣ аз оина муоина кардааст.
 
Тараққиёти минбаъдаи Оптика бо ихтирои телескоп (Г. Галилей, 1609) ва кашфиётҳои астрономӣ, дифраксия ва интерференсияи рушноӣ (Ф. Грималди, 1665), фишори рӯшноӣ (П.  Н.  Лебе­дев, 1899), пайдоиши назарияи электромагнитии он (Ҷ. К. Макс­велл, солҳои 80 асри 19) ва ғайра зич вобаста аст. Л. Эйлер, М.  В.  Ломоносов, Д.  С.  Рождественский, И. Нютон, X. Гюйгенс, А.  Г.  Столетов, М. Планк ва дигар бо корхои илмии худ дар тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи Оптика ҳиссаи муайян гузоштаанд.
 
Дар ихтирои усулҳои нави тадқиқот дар соҳаи Оптика ва татбиқи онҳо хизмати олимони советӣ (С.  И.  Ва­вилов Г.  С.  Ландсберг, Л.  И.  Манделышггем, Ю.  Н.  Денпскж, Н.  Г.  Ба­сов, Р.  В.  Хохлов, А.  М.  Прохоров ва дигарҳо) бағоят калон аст. Сохаҳои гуногуни Оптика ва татбиқи амалии он дар Тоҷикистои низ мавриди тадқиқоти илмӣ қарор гирифтааст.
 
Дар Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин доир ба бунёди лазерҳо, хосиятҳои шуоъҳои лазерӣ ва татбиқи онхо дар корхои сохтмон (масалан, дар сохтмони ГЭС-и Нораок), тахлили спектрӣ, гологра­фия ва истифодаи он, хосиятҳои оптикии моддаҳо дар ҳолат ва шароитҳои гуногун ва ғайра як қатор корҳои илмии самарабахш иҷро карда шудаанд. Дар лабораторияҳои оптика ва спектроколия, оптоакустика ва электроникаи квантии Институти физика ва техникаи ба номи С.  У.  Умарови Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаҳои мухталифи таҳлили спектрӣ ҳал карда меша­ванд.
 
== Эзоҳ ==
Line 29 ⟶ 30:
 
== Адабиёт ==
* Ландсберг Г. С., Оптика, Москва 1976;
* Борн М., Основы оптикӣ, перевод с английского, 2 издание, Москва, 1973.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Оптика"