Фарқият байни намунаҳои "Сайдаҳмади Зардон"

навсозӣ
х (clean up, replaced: |Ном → |ном (2), |Санаи марг → |санаи марг, |Сайт → |сайт , |Викииқтибос → |викигуфтовард, Жанр → жанр, |Мукофотҳо using AWB)
(навсозӣ)
|номи пурра =
|тахаллусҳо =
|санаи таваллуд = [[16 октябр]]и [[.10.1958]]
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Бохтар}}
|санаи марг =
|забони осор =
|дебют =
|мукофотҳо = медали «Хизмати шоиста»
|ҷоизаҳо = Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1998)
|Lib =
|сайт =
|имзо =
}}
'''Сайдаҳмади Зардон''' — [[журналист]], [[нависанда]] , узви [[Иттифоқи журналистони Тоҷикистон]] (1991), узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1991)
==Зиндагинома==
'''Сайдаҳмади Зардон''' [[16 октябр]]и соли [[1958]] дар маҳаллаи Нуриддин Сафарови [[ноҳияи Бохтар]]и вилояти [[Хатлон]] ба ҷаҳон омада, синфи 8-умро дар [[мактаб]]и таҳсилоти ҳамагонии №9 [[ноҳияи Панҷ]] ба поён расондааст. Соли 1976 мактаби миёнаи №30 [[ноҳияи Бохтар]], соли 1980 [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе]]ро хатм кардааст. Соли 1981 ба фаъолияти [[рӯзнома]]нигорӣ пардохта, чанде мудири шуъбаи рӯзномаҳои ноҳиявии «Байрақи дӯстӣ» (Бохтар) ва «Байрақи коммунизм» (Ҷилликӯл), мухбири махсуси [[ҳафтанома]]и «Омӯзгор» дар вилояти [[Қӯрғонтеппа]] будааст. Соли 1991 котиби шуъбаи Қӯрғонтеппаи [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] таъин шудааст. Солҳои 1992-1998 мудири шуъбаи [[маҷалла]]и «Садои Шарқ» буда, аз соли 1998 [[сармуҳаррир]]и ҳафтаномаи «Роҳнамо»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти эҷодии ӯ аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо нашри ҳикояҳои ҳаҷвӣ шурӯъ гардидааст. Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон аст.
Маҷмӯаи нахустини [[ҳикоя]]ҳои танзомезаш «Ҳам талху…» соли 1987 ба чоп расидааст. Соли 1989 қиссаи ҳаҷвии ӯ «Плефта» интишор ёфта, соли 1990 китоби [[қисса]]ву ҳикояҳои дигараш – «Зинда бод дурӯғ!» манзури умум гардидааст. Маҷмӯаҳои «Аку, итари бадам не-да!» (2001) ва «[[Суруд]]и худам, оҳанги худам, худам месароям…» (2003) беҳтарин ҳикояҳои танзии ӯро фаро гирифтаанд. Чанде аз офаридаҳояш ба забонҳои гуногун тарҷима шуда, аз тариқи матбуоти даврӣ ва [[телевизион]]у [[радио]] манзури мухлисони танзу мазҳака гардонида шудаанд. Қиссаи «Раиси масхарабозон» соли 1994 рӯи чоп омада, соли 1998 қиссаи «Гумгаштаҳо»-и ӯ сазовори Ҷоизаи ба номи [[Садриддин Айнӣ]] гардидааст. [[Муаллиф]]и [[роман]]и «Вахш» мебошад.
==Мукофот==
* Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1998);
* Медали «Хизмати шоиста».<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 52 - 53 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Нависандаҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Рӯзноманигорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Бохтар таваллудшудагон]]