Навъ (гиёҳшиносӣ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Image:Daisy1web.jpg|right|thumb|250px|<center>''[[Остеоспермум]]'' <br>навъе, ки ба хотири гули ҷаззоб ва рангоранги он интихоб шудааст.</center>]]
Наъи'''Навъи рӯстанӣ''', '''хели рустанӣ''', '''култивар''' ({{lang-en|Cultivar}}) — маҷмӯи [[рустаниҳо]]ест, ки бо роҳи селекксионӣ ба вуҷуд омадаанд ва аломату хусусиятҳои муайяни морфологию физио­логӣ ва хоҷагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; воҳиди таснифотӣ растаниҳои мазрӯъ. Навъи растанӣ маҳаллӣ ва селоксионӣ мешавад навъҳои маҳаллӣ маҳсули селексиям халқӣ буда, дар натиҷаи интихоби умумии дурудароз ба даст омадааст. Онҳо ба шароити маҳал нағз мутобиқ буда, бисёр хусусиятҳои муҳими хоҷагию селексионӣ доранд. Навъ­ҳои селексионӣ дар муассисаҳои тадқиқоти илмӣ бо усулҳои махсус ба вуҷуд оварда мешаванд.
 
Навъҳо аз рӯи пайдоиш ва хусусиатҳои биологӣ хаттӣ (насли як рас­тении худгардолудшаванда, ки хусусиятҳои якхела дошта, бо роҳи ин­тихоби фардӣ ба даст овардаанд), фардӣ (маҷмӯи растаниҳои аз ҷиҳати генетики якхелаи одатан дутарафа гардолудшаванда, ки як ё якчанд аломатҳои умумӣ доранд), клонӣ (насли интихобии растании аз ҷиҳати генетикӣ бештар якхела, ки бо роҳи нашвӣ — қаламча, бехҷаст ва пайванд зиёд кардаанд) мешаванд. Навъи растании ҳамҷинсро, ки аломатҳои хоҷагӣ ва биологии монанд доранд, ба­рои осонии омӯзиш ва инвентариза­тсия ба гурӯҳҳо — навътипҳо муттаҳид мекунанд. Навъҳои беҳтаринро истифода бурдан яке аз бехтарин омилҳои баланд бардоштани ҳосили зироати хлҷагии қишлоқ ва бехтар кардани сифати маҳсулоти он мебошад. Дар натиҷаи дурудароз истифода бурдани навъҳо сифат ва ҳосилнокии онҳо паст мешавад, ки дар натиҷа масъалаи навъбарқароркунӣ ба миён меояд. Навъи растаниҳои кӯҳнаро ҳар са­ри вақт бо навъҳои серҳосилу хуш­сифат иваз мекунанд.