Вашгирд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Hojai hotam.jpg|thumb|300x300px]]
'''Вашгирд''' ({{lang-fa|ویشگرد}}) — мулкест дар болооби [[дарёи Кофарниҳон]], сарзамини имрӯзаи [[ноҳияи Файзобод]], яке аз шаҳрҳои калону ободи [[Тоҷикистон]] дар асрҳои миёна.
 
== Мушаххасот ==
Мавзеи ҷойгиршавии шаҳри Вашгирдро шарқшинос А. М. Беленитский дар соли 1946 муайян карда буд, ки он дар ҷойи харобаҳои Қалъаи Сангин ё Тали Возҷур дар 1,5 километрии ҷанубу шарқи маркази ноҳияи Файзободи Тоҷикистон воқеъ гаштааст. Хароба­ҳои Вашгирд майдони тақрибан 80 га-ро фаро гирифтаанд. Вашгирд дар Авесто ба шакли Висагирд омада, дар «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]] ба гунаи Виса, Висагирд ва Висагон вобаста ба ҳангома­­ҳои атрофи [[Афросиёб]] ва вазири ӯ Виса ёд шудааст. Масалан:
Сатри 8:
 
== Вожашиносӣ ==
[[Акс:Hojai hotam.jpg|thumb|300x300px]]
Мутобиқи баъзе фарзияҳо Вашгирд аз истилоҳи «Вахш» ва «кард», яъне «кардаи (офаридаи) Худо Вахш» падид омадааст. Дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ низ ба шакли «Вашкирд» зикр шудааст. Дар «Ҳудуду-л-олам» мутобиқи талаффузи арабӣ Вашҷирд омада, мавқеаш дар фосилаи якрузаи Андиён (Андигон) ва дуруза роҳи Шумон ба самти шарқ зикр шудааст.