Дин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 1:
'''Дин''' (({{забон-код|ar| دِين}})аз решаи:دَانَ يَدِينُ دِينًا ба маонии ҳисоб, ҷазо (подош), одат, тоат, ислом, тавҳид, мулк, тадбир, сират, ҳол ва тазаллул) — дар истилоҳ ба маънои кеш, ойин ва роҳу равиш. Ибни Форис маънои аслии динро фармонбардорӣ ва тоат медонад ва маонии дигарашро ба он бозмегардонад.
'''Дин''' (ба забони {{забон-код|la|religare}} — бо ягон чиз пайваст будан, religare- муттаҳид мекунад, яъне ба маънои аз нав баркарор кунии алоқаи бурида, ба забони русӣ - '''вера''' …) системаи тасаввуричахони, асосан дар он, ки [[одам]] ягон алоқа бо ҳамаи ҳасти, ҳамзисти, системави ва муташаккили дошта ҳис мекунад. Асоси тасаввури дини ҳамчун қоида дар [[китоби мукаддас]], аз рӯи эътикоди тарафдорони дин, имлои бевосита ба [[Худо]] навишта шудааст. Дин ба эътиқод на ин ки ба далел, тафтишоти таҷрибаи илми такя мекунад.
Ба андешаи забоншиносон вожаи дин ба маънои ҷазо сиғаи ҷамъ надорад, зеро он масдар аст ва адён ҷамъи он танҳо ба маънои тоат, ойин ва кешаст. Роғиби Исфаҳонӣ дар «Муфрадоти алфози Қуръон» мегӯяд, ки дин ба маънои тоат ва ҷазо (подош) мебошад ва ба таври истиора ба маънои шариат ба кор рафтааст. Тамоми маонии луғавие,ки забоншиносон барои вожаи дин зикр кардаанд, дар корбурдҳои қуръонӣ ба чанд маънои аслӣ ба тартиби зер бозмегарданд: а) доварӣ, ҳисоб ва ҷазо, б) тавҳид, ибодат ва тоат, в) ойин ва кеш, г) ислом. Ин вожа дар оятҳои: '''«Ва чуз ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ кунад, имон наёваред!» (Оли Имрон, 3: 73), «Ва ҳарки чуз ислом дине биҷӯяд, ҳаргиз аз вай пазируфта нашавад!»''' <ref>[[Оли Имрон]], 3: 85</ref>.
<center>{{Қуръони Карим|3|85}}</center>
, '''«Ва чӣ касе дар диндорӣ беҳтар аз он касе бошад, ки худро ба Худо таслим намояд, дар ҳоле ки вай некӯкор бошад!?»'''<ref>[[Нисо]], 4: 125</ref>
<center>{{Қуръони Карим|4|125}}</center>
, '''«Эй аҳли Китоб, дар дини худ ғулув(ифрот, тундравӣ ва ташаддуд) нанамоед!»'''<ref>[[Нисо]], 4: 1171</ref>
<center>{{Қуръони Карим|4|171}}</center>
ва '''«Дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам»'''<ref>[[Кофирун]], 109: 6</ref>
<center>{{Қуръони Карим|109|6}}</center>
бо сароҳат ва ё ба таври зимнӣ ба маънои Д, ойин ва диндорӣ ба кор рафтааст.
 
== Дин аз назари ҷомеашиносӣ ==
Дин аз назари ҷомеашиносӣ аз маҷмуи эътиқодот ва ҷаҳонбиние иборат аст, ки равобити инсонро бо мабдаи ҳастӣ ва ба ғайри он муайян месозад ва аксаран шомили арзишҳои муқаддас, аҳкоми иҷтимоӣ, асосҳои рафторӣ, масоили ҳалолу ҳаром ва мафоҳиме чун зиндагӣ, марг, рӯҳ, дунёи пас аз марг, ғайб, биҳишту дӯзах, ва ғайра мегардад ва аз назари диншиносӣ он барномаи ҳидояти илоҳӣ, усули кулли ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва ойини зиндагоние аст, ки аз сӯи Худо ба паёмбаронаш ваҳй гардида, маҷмӯаи низоми эътиқодӣ, барномаи худопарастӣ (ибодатҳо), меъёрҳои ахлоқӣ ва тарҳи амалиеро барои ҳидояти мардум ба сӯи ҳаққу ростӣ, адолати иҷтимоӣ ва хайру саодати дорайн дар заминаҳои номбурда дар бар мегирад.
 
== Маншаи дин ==
Маншаи дин ҳарчи буда, он ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Гарчи имрӯз назарияи сарчашмаи тамоми ҳаводиси таърих ва муҳаррики аввали ҳамаи рӯйдодҳо дар ҳаёти башар будани он комилан мақбул ва мусаллам нест, вале таъсир ва нуфуз омили дин дар ҳаводиси таърих муҳаққақ аст. Баъзе соҳибназарони дорои гароиши моддӣ маншаи эътиқод ба динро ҳисси тардид ва заъфу нопойдории инсон дар баробари ҳаводиси табиат ва баъзе дигар ҳисси тарс аз маҷҳул ва надонистаҳо шумурдаанд, Солумун Ринак маншаи онро навъе васвоси виҷдонӣ, Шлойер Мохер ҳисси адами истиқлоли шахсият, Мюллер алоқа ба дарки умури донистанашаванда медонанд, Фон Шленк тасаввури ваҳдат байни инсон ва ҳастии мутлақро сарҷашмаи гароиш ва эътиқод ба дин хондааст. Ин гуфтаҳо ва фарзияҳо агар дар бораи баъзе динҳо рост оянд ҳам, вале дар мавриди ҳамаи динҳо, бахусус динҳои тавҳидӣ, дуруст набошанд. Маншаи гароиш ва эътиқод ба динро метавон маҷмуаи авомили иҷтимоӣ, ғароизи фитрӣ ва бофтаи ба ҳам тофтаи нафс – равони инсонӣ донист.
Дар баъзе динҳои мавҷуд дар ҷаҳон, ба монанди дини Канфусиюс, фарзи вуҷуди Худо ҳатмӣ нест, дар баъзе фарзи вуҷуди Худоро зарур аст, вале дар баробари вай ба ширк ва ё ба ваҳдат, ҳулул ва пайвастагии вай бо махлуқ қоиланд, ба монанди кеши Монавӣ, баъзе дигар ба дугонапарастӣ ва ду сарчашма доштани олам ва қисме ҳам ба тавҳид ва ягонагии Худо муътақид ҳастанд.
 
== Тавсияи тамоми динҳои тавҳидӣ ==
Тавсияи тамоми динҳои тавҳидӣ як чиз: барпо доштани дин ва ҳадафи ҳамаи паёмбарон низ як чиз: дар масири камолоти инсонӣ қарор додани башарият ва ба сӯи Худо – сарчашмаи тамоми камолот ҳидоят намудани он аст: «Худо барои шумо ҳамон динеро ҷорӣ ва муқаррар намудааст, ки (қаблан) Нӯҳро ба он тавсия намуда буд ва он чизеро, ки ба ту ваҳй намудаем ва он чизе, ки Иброҳим, Мӯсо ва Исоро ба он тавсия додаем, ин аст, ки динро барпо доред ва дар он пароканда набошед!»<ref>[[Шӯро]], 42: 13</ref>.
<center>{{Қуръони Карим|42|13}}</center>
Ҳамчунин тамоми динҳои илоҳӣ аз назари асосҳои даъват ва ваҳдати эътиқодӣ дар асл як буда ва аз ҷиҳати марҳалаҳои таърихӣ, замони нузул ва мавҷудияти амалии худ бешумор, мустақил ва аз ҳам мутафовит ҳастанд.
 
 
== Зардуштия ==
[[Зардуштия]] (Вахви Даэна Маздаясна – Эътиқоди Нек ки хирадмандиро пеша мегирад) – яке аз динҳои қадимтарин, ки аз тарафи [[Зардушт]] тақрибан дар ҳазорсолаҳои 1-2 то мелод ба вуҷуд омадааст, аввал дар Эрони Шарқи ва [[Осиёи Миёна]] паҳн шуда буд, баъдтар дар қисмҳои алоҳидаи Шарқи наздик ва Кавказ. Дини Зардушти дини расмии [[Форсҳо]] буд ва асосан дар давлати [[Сосониҳо]], ки давлати диниро ташкил кардани буданд. Вале баъди истилои арабҳо ин дин аз байн рафта ба ҷои он дини ислом ба миен омад.
 
== Адабиёт ==
*А. Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011
*Боқизода, РисолаҳоиимомАбуҳанифадарбораиарзишҳоиэътиқодииислом. –Душанбе, 2013
*دائرة المعارف فارسی. – تهران، 1387 ش
* لغتنامۀ دهخدا. – تهران، روایت چهارم؛ فرهنگ جامع فارسی آنندراج. ج. 3. – تهران، 1363 ش
*دانشنامه جهان اسلام (18)/ - تهران، 2013؛موجز دائرة المعارف الاسلامية. المجلد الساىس عشر. – الشارقة، 1418 هـ./1998 م
*حسين بن محمد بن المفضل المعروف بالراغب الاصبهاني، مفردات الفاظ القرآن. – دمشق، 2004
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ|2}}
 
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Дин"