Википедиа:Дидгоҳи бетараф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 4:
«Дидгоҳи бетараф» яке аз се сиёсати муҳтавои аслии Википедия аст. Ду сиёсати дигар [[Википедиа:Норавоии тадқиқоти аслӣ]] ва [[Википедиа:Исботпазирӣ]] ҳастанд. Ин се сиёсати аслӣ бо таркиби ҳам навъ ва кайфият муҳтавои қобили қабул дар мақолаҳоро мушаххас мекунанд. Чун ин сиёсатҳо ба таври ҳамоҳанг ба кор мераванд, набояд ҷудо аз якдигар баррасӣ ва тафсир шаванд ва виросторон бояд саъй кунанд, ки худро бо ҳар сеи онҳо ошно кунанд. Усуле, ки ин сиёсат бар он устувор шуда тавассути иҷмоъи корбарон ё ҳеҷ сиёсат ва раҳнамуди дигаре наметавонд нақз шаванд.
== Тавзеҳи дар хусуси дидгоҳӣ бетараф ==
Дар Википедия асл бар [[Википедия:Исботпазирӣ|исботпазирии]] навиштор аст. Барои исботпазир кардани матолиб бояд далел овард. Далоил маъмулан дорои густараи эътибор ҳастанд. Ин густараи эътибор бастагӣ ба далелхоҳанда дорад.
Мисол: '''شق القمر'''
 
Шахси якум мегуяд: «Ҳазрати [[Муҳаммад]] (ﷺ) моҳро ба ишораи ангушт ба ду ним тақсим кард»
 
Шахси дуюм мепурсад: «Чӣ тавр чунин чизе имкон дорад?»
 
Ҳол шахси якум метавонад далел биоварад, ки: «Ин кор муъҷизаи Паёмбар буд»
 
Ин ҳарф дар сурате метавонад далели хубе бошад, ки шахси дуюм ба масоили зер эътиқод дошта бошад:
* эътиқод ба мӯъҷизаи паёмбарон
* эътиқод ба ин, ки Муҳаммад ҳам [[паёмбар]] буда
* эътиқод ба ин, ки аслан касе ба исми паёмбар вуҷуд дорад
* эътиқод ба ...
 
Википедия донишномае барои ҳамаи одамиён бо тамоми гароишҳо ва муштаракот аст. Матолиб бояд багунае бетарафона исботпазир бошад. Агар матлаб марбут ба дини хос бошад, беҳтар аст қабл аз матолиб ингуна навишт «Зартуштиёнро бовар бар ин аст, ки...» ё «Мусулмонон ақида доранд, ки...».
 
Ҳамчунин беҳтар аст ҳавзаҳои баҳс низ мушаххас шавад. Масалан агар аз манзари ҷомеашиносӣ перомуни масъалае баҳс мешавад, беҳтар аст гуфта шавад: «Рӯйкарди ҷомеашиносӣ чунин аст, ки ...».
Ба таври куллӣ, дастёбӣ ба он чӣ, ки [[иҷтимоъ Википедия]] ба унвони «бетарафӣ» мешиносад ба маънии таҳлили бодиққат ва наққодонаи манобеи мухталиф ва сипас талош барои нақли натоиҷ ба хонанда ба шакли возеҳ ва дақиқ аст. Википедия талош мекунад, ки '''ихтилофи назарҳоро тавзеҳ диҳад, аммо дар онҳо дахолат накунад'''. Қавонини содда ва маҳкам дар ин бора маҳдуданд ва риояти бетарафӣ умдатан вобаста ба ҳусни нияти виросторон аст, ки бояд талош кунанд то иттилоотро ироа кунанд ва на ин, ки як дидгоҳи хосро тарвиҷ кунанд. Бо ин ҳол, риояти усули зер ҳамроҳ бо усули [[Википедия:Исботпазирӣ|исботпазирӣ]] ба дастёбӣ ба сатҳи аз бетарафӣ, ки барои як донишнома муносиб аст кумак мекунад.
 
== Эзоҳ ==