Википедиа:Дидгоҳи бетараф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 29:
Қавонини содда ва маҳкам дар ин бора маҳдуданд ва риояти бетарафӣ умдатан вобаста ба ҳусни нияти виросторон аст, ки бояд талош кунанд то иттилоотро ироа кунанд ва на ин, ки як дидгоҳи хосро тарвиҷ кунанд. Бо ин ҳол, риояти усули зер ҳамроҳ бо усули [[Википедиа:Исботпазирӣ|исботпазирӣ]] ба дастёбӣ ба сатҳи аз бетарафӣ, ки барои як донишнома муносиб аст кумак мекунад.
 
* '''Ақоидро ба унвони ҳақиқат ироа накунед.''' Маъмулан мақолаҳо ҳовии иттилооте роҷеъ ба аҳамияти дидгоҳҳое ироашуда роҷеъ ба мавзӯи мақола ҳастанд. Ин дидгоҳҳо набояд ба унвони назари Википедия роҷеъ ба он мавзӯъ баён шаванд. Баракс, ин дидгоҳҳо бояд дар матн ба манобеи муртабит мунтасаб шаванд, ё дар мавориди муносиб, ба унвони «дидгоҳи умум» матраҳ шаванд. Ба унвони мисол, як мақола набояд бигӯяд, ки ''«куштори дастаҷамъидастаҷамъӣ амале шайтонӣ аст»'', балки бояд бигӯяд, ки ''«куштори дастаҷамъӣ тавассути фалонӣ ба унвони намуди аз рафтор шайтонии инсонҳо тавсиф шудааст»''.
* '''Аз ироаи дидгоҳҳое, ки ба шиддат мавриди ҷадал ҳастанд ба унвони ҳақоиқ худдорӣ кунед.''' Агар манобеи муътабар гуногунии назароти мутаноқизе дар мавриди як мавзуъ ироа мекунанд, ин назаротро ба унвони дидгоҳҳои мухталиф дар мақола баён кунед ва на ба унвони ҳақоиқ, ва ҳаргиз онҳоро ба сурати иборот мустақим ироа накунед.
* '''Дидгоҳҳои ба чолиш кашида нашударо танҳо ба унвони як нуқтаи назар ироа накунед.''' Дидгоҳҳои ба чолиш кашида нашуда, ки бар сари онҳо ихтилофи назаре вуҷуд надорад ва тавассути манобеи муътабар матраҳ шудаанд, маъмулан бояд ба унвони дидгоҳи Википедия ироа шаванд. Магар дар шароите, ки як унвон вуҷуд дорад, ки ба таври хос ба мавориди ихтилофи назар дар мавриди як дидгоҳ мепардозад, ки умуман мавриди чолиш нест, дар соири шароит ниёзе нест, ки манобеи хоссе барои он дидгоҳ ироа шавад агарчи ироаи манбаъ ба ҳифзи [[Википедия:Исботпазирӣ|исботпазирӣ]] кумак мекунад. Ба илова, матн набояд ба шакле навишта шавад, ки талқин кунад, ки он дидгоҳ мавриди суол аст.
* '''Забони қазоватгарона надошта бошед.''' Як дидгоҳи бетараф нисбат ба мавзуи мақола (ва ончи манобеи муътабар дар бораи мавзуи мақола гуфтаанд) на ибрози алоқа мекунад на бетаваҷҷуҳӣ, агарчи ин масъала гоҳе бояд бо шаффофият дар таодул қарор бигирад. Дидгоҳҳо ва ёфтаҳои носозгорро бо лаҳне беэътино бинависед.
* '''Ба дидгоҳҳои мухолиф вазни мутаносибе бидиҳед.''' Итминон ҳосил кунед, ки гузориши дидгоҳҳои мухталиф роҷеъ ба мақола мутаносиб аст бо мизони ҳимояте, ки аз ин дидгоҳҳо вуҷуд дорад, ва дар натиҷа боиси тасаввури нодуруст баробари дидгоҳҳо ё вазн додани беш аз андоза ба яке аз дидгоҳҳо намешавад. Барои мисол, ин ки бинависед ''«аз назари [[Симон Визентал]], Ҳолокост барномае барои куштани яҳудиҳои Олмон буд, вале [[Дэвид Ирвинг]] бо ин дидгоҳ мухолиф аст»'' боис мешавад ин тасаввури ғалат эҷод шавад, ки ин ду дидгоҳ (ки яке мутааллиқ ба аксарият ва дигаре мутааллиқ ба ақаллияти кӯчак ҳастанд) вазни мусовӣ пайдо кунанд чун ҳар ду фақат ба як нафар мансуб шудаанд.
 
== Эзоҳ ==