Афлутин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Файласуф}}
 
'''Афлутин''', ('''Флутин''' ('''''فِلوطین''''' , мурраби '''Плоти́н''', {{lang-grc|Πλωτῖνος}}; [[204]]/[[205]], [[Ликопол]], [[Миср]], [[ИмперияИмперияи Рум]] — [[270]], [[Минтурне]], [[Кампания (вилоят дар Итолиё)|Кампания]]) — файласуфи идеалисти давраи атиқаи мутааххир, асосгузори навафлотуния.
 
== Таҳсилот ==
Сатри 15:
Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ таълимоти Афлутин ва навафлотуниёнро асоси таълимоти ҳастишиносӣ (онтологӣ)-и худ қарор додаанд. Масалан, Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва дигарон дар асл мавҷудияти Худоро эътироф кунанд ҳам, дар боби пайдоиши олам ҳамон усули назарияи судури навафлотуниёнро пазируфтаанд, ки зимни он Худо фақат ҳамчун моҳият ва сабаби аввал дониста шуда, раванди пайдоиши силсилаи маротиби вуҷуд дар заминаи таълимоти пантеистӣ (ниг. Пантеизм) шарҳ дода шудааст. Ин ақидаи зина ба зина халқ шудани мартабаҳои вуҷуд, ки яке сабаби пайдоиши дигаре мегардад, на фақат ба талимоти динӣ созгор набуд, балки доираи фаъолияти Офаридгорро маҳдуд намуда, онро бо дигар категорияҳои ҳастӣ яксон медонист. Хулосаи мазкур ифодакунандаи ҷиҳатҳои натуралистӣ ва оғози инкишофи афкори материалистии мутафаккирони форс-тоҷик дар давраи ҳукмронии схоластикаи асрҳои миёнаи Шарқ ба шумор мерафт.
 
Таълимоти тасаввуфии «ваҳдати вуҷуд», «ваҳдати мавҷуд» ва «ваҳдати вуҷуд ва касрати мавҷуд» низ аз назари Афлутин ва навафлотуниён ғизои маънавӣ гирифтааст. Афлутин ба фалсафаи асрҳои миёнаи Ғарб (Августин) ва хусусан мутафаккирони давраи Эҳё (М. Сичино, Пико делла Мирандола), намояндагони идеализми олмон Афлутин Шефтсбери, Ҷ. Баркли, Ф. В. Шеллинг , Г. Гегел, И. В. Ҳёте ва романтизми мактаби Иена таъсир расонд.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.114 / М. Ҳазратқулов. </ref>
 
== Эзоҳ ==