Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 11:
 
== Асппарварӣ дар мардуми тоҷик ==
Асппарварӣ шуғли қадимии мардуми тоҷик аст. Ниёгони мо оид ба асп, нигоҳубин ва бемориҳои он чандин «Фараснома» таълиф намудаанд. Дар китоби «Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» омадааст, ки{{аввали иқтибос}}{{охири иқтибос|сарчашма=}}«...Асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад». Яке аз бобҳои китоби мазкур дар бораи муолиҷаи иллати аспон аст. Чунончи, муаллиф қайд мекунад, ки «...Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамақ гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад, илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф дорад, дигарон рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонад, то он об ба як ман боз ояд, пас биполояд, дар даҳани сутур резад, некӯ шавад»{{охири иқтибос|сарчашма=«Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа»}}
 
== Зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"