Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 3:
== Таърих ==
Сарнасли асп эогиппус мебошад, ки тақрибан 70 млн сол қабл умр ба сар бурдааст. Ҷуссаи [[эогиппус]] баробари [[рӯбоҳ]] буда, пои пешаш 4 ва пои қафояш 3 ангушт дошт.
Аспро 10 ҳазор сол муқаддам дар даштҳои моварои [[Осиёи Марказӣ]], Дон, Днепр ва Сибири Ҷанубӣ ром кардаанд. Алҳол аз аспҳои ёбоӣ фақат [[аспи Пржевалский]] боқӣ мондааст, ки дар даштҳои [[Муғулистон]] дучор меояд. Дар устураҳои исломӣ оид ба мухолифати аспу инсон ривояте маъруф аст. Мувофиқи он нахустаспҳо бол дош­таанд ва вақте ки Офаридгор қолаби Одамро аз гил месозад, Иб­лис ба дили асп даромада, ӯро талқин мекунад, ки алайҳи бандаи хокӣ дар пархош бошад, зеро ба вай агар ҷон дароранд, аспро зин зада савор мешавад ва пару болашро мешиканад. асп тибқи нишондоди Иблис амал намуда, қолаби Одамро лагад зада мешиканад, вале бо хости Худо ба ҳоли аввал гардонида мешавад. Ниҳоят асп хатои худро фаҳмида, дастомӯзи инсон ва як воситаи зин­дагии ӯ мегардад. <nowiki><br/></nowiki> Сарнавишти Аноҳито – эзади об низ бо асп марбут аст. Барои [[Аноҳито]] – таъкид шудааст дар [[Авесто]], – Аҳура Маздо гардунае сохт, ки чаҳор асп дошт ва ба манзили боду борон ва обу тагарг бо он мерафт. Аз фаргарди дуюми [[Вандидод]] маълум мешавад, ки саргузашти Ҷамшед низ бо асп сахт марбут мебошад. <nowiki><br/></nowiki>
Сарнавишти Аноҳито – эзади об низ бо асп марбут аст. Барои [[Аноҳито]] – таъкид шудааст дар [[Авесто]], – Аҳура Маздо гардунае сохт, ки чаҳор асп дошт ва ба манзили боду борон ва обу тагарг бо он мерафт. Аз фаргарди дуюми [[Вандидод]] маълум мешавад, ки саргузашти Ҷамшед низ бо асп сахт марбут мебошад. <nowiki><br/></nowiki>
Қисмати бештари устураҳои авестоӣ дар иртибот бо асп ба сарзамини [[Турон]] алоқаманданд. Турониён тибқи тасвири ҳамосӣ мардумони бодиянишин, саворони чобуку тундрав ва душмани Эрон хонда шудаанд. Дар байни онҳо машҳуртар Франграсйана (Афросиёби «Шоҳнома») мебошад. Тибқи маъ­лумоти [[Умари Хайём]] дар «Наврӯз­нома» Афросиёб гуфта: {{аввали иқтибос}}«Асп мар-мулукро чунон аст, ки осмон мармоҳро»{{охири иқтибос|сарчашма=«Наврӯз­нома»-и [[Умари Хайём]]}}. Дар ҳа­мин асар оид ба аспҳои гуногун, зоту сифатҳо ва хусусиятҳояшон маълумот дода шудааст. Ному корномаи аксар ашхоси асотирии эронитабори Авесто ба тавассути асп шуҳратёр мегарданд. Масалан, Заҳҳокро (Ажи Даҳака) Беварасп – дорандаи даҳ ҳазор асп низ хондаанд. Тибқи анъанаи устурасозӣ Фаридун (Тра­этаона, Фретон) дар Авесто ба асп дилбастагииқавӣ дорад. «Офаридунро пурсидаанд, ки эй малик, чаро бар асп нанишинӣ?» Гуфт:«''Тарсам, ки Яздонро шукр ба воҷибе натавонам гузорд''».
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"