Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 50:
 
Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад.
 
=== Асппарвари дар Тоҷикистон ===
Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси маҷорӣ асп Борнс (1848), олимони рус Н. Бахметев (1870), асп Вилкинс (1875), асп Ф. Миддендорф (1882) В. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911), О. Ф. Витт (1952) ва дигарон низ қайд кардаанд. Базилевский аспҳои Осиёи Марказиро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қаробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷум­лаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин ном бурдааст. Асппарварӣ дар байни суғдиён низ равнақ дошт. Бино ба ақидаи акад. асп Ф. Миддендорф Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи бузург ташкил карда буд. Дар ҳудуди имрӯзаи ВМКБ асосан аспҳои бадахширо парвариш мекарданд. Онҳо барои кор дар шароити куҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи итолиёӣ [[Марко Поло]] (а. 12) дар китобаш қайд кардааст. Д.Логофет аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:
* [[Аспи қаробоҳирӣ|аспҳои бухорӣ ё қаробоҳирӣ]] (дар водии д. Зарафшон, Ҳисор, Шаҳрисабз ва Чирчиқ);
* [[Аспи аҳалтекинӣ|аспҳои туркманӣ ё текинӣ]] (дар водии д. Ому, Қаршӣ ва Қӯрғонтеппа);
* аспҳои ҳисорӣ (дар водии Ҳисор);
* [[Аспи қирғизӣ|аспҳои қирғизию ла­қайӣ]] (дар Кӯлоб, Ҳисор, Балҷувон, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа);
* аспи бухории куҳӣ (дар Яккабоғ, Ҳисор, Қа­ро­тегин, Кӯлоб ва Бойсун).
 
== Зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"