Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 69:
сайру гашт баровардан лозим аст. Барои аспҳои саворӣ ва резачорпо рӯзе 7-15 км гардиш кардан муфид мебошад. Ҳангоми нигоҳубин ва муомилаи нодуруст асп одати бад (масалан, газидан, лагад задан ва ғайра) пайдо мекунад, гирифтори хала, нохуна, сумдард (бештар аз нодуруст наъл кардан), исҳол, зуком ва дигар бемориҳо мешавад. Аспро дар аспрез ва ҷойҳои махсус мавриди озмоиши зотӣ қарор медиҳанд. Асп дар варзиш низ истифода мегардад. Дурагаҳои аз ҷуфтии асп бо хар, аспи Пржевалский ва гӯрхар рӯёнда, маъмулан, бенасл мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 280 зоти асп мавҷуд аст (2010).
 
=== АсппарвариАсппарвариӣ дар Тоҷикистон ===
Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси маҷорӣ асп Борнс (1848), олимони рус Н. Бахметев (1870), асп Вилкинс (1875), асп Ф. Миддендорф (1882) В. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911), О. Ф. Витт (1952) ва дигарон низ қайд кардаанд. Базилевский аспҳои Осиёи Марказиро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қаробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷум­лаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин ном бурдааст. Асппарварӣ дар байни суғдиён низ равнақ дошт. Бино ба ақидаи акад. асп Ф. Миддендорф Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи бузург ташкил карда буд. Дар ҳудуди имрӯзаи ВМКБ асосан аспҳои бадахширо парвариш мекарданд. Онҳо барои кор дар шароити куҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи итолиёӣ [[Марко Поло]] (а. 12) дар китобаш қайд кардааст. Д.Логофет аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:
* [[Аспи қаробоҳирӣ|аспҳои бухорӣ ё қаробоҳирӣ]] (дар водии д. Зарафшон, Ҳисор, Шаҳрисабз ва Чирчиқ);
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"