Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Фаъолият: илова
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 1:
'''Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон''' - идораи ҷумҳуриявии назди [[Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] буда, ба фаъолияти [[телевизион]] ва радиошунавонии ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ, вазъият ва инкишофи минбаъдаи кори телевизион ва радиошунавонӣ масъул аст.
 
Кумита соли 1957 дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 1962 ба Комитети давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1971 Комитети давлатии Шӯрои Вазорати ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Ҳоло бо номи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.<ref>[http://www.ktr.tj/ Сомонаи расмии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]</ref>
== Фаъолият ==
Кумита айни ҳол аз чор телевизиони давлатӣ - [[Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум)]], Муассисаи давлатии [[Телевизиони "Сафина"]], телевизиони кӯдакон ва наврасон [[Баҳористон (телевизион)|«Баҳористон» ]], телевизиони иттилоотии [[Ҷаҳоннамо (телевизион)|«Ҷаҳоннамо»]] , радиои «Фарҳанг», радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Садои Душанбе» иборат буда, бо 5 забон, радиои «Овози тоҷик» бо 8 забон барномаҳо омода мекунанд.
Барномаҳои иттилоотии «Ахбор», «Навид», «Хабар», силсилафилмҳои гурӯҳҳои эҷодии «Субҳ», «Фаросӯ», «Пайванд», силсилабарномаҳои «Рисолаи таърихӣ», барномаҳои ҳарҳафтаина аз радиои «Садои
Душанбе» - «Шумон», аз «Радиои Тоҷикистон» - «Ҳафриёт» ва ғайраҳо барои тарғиби ҷашни
3000-солагии Ҳисори Шодмон саҳми назаррас доранд.
 
Дар назди Кумита дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии [[«Гулшан»]], [[Ансамбли «Дарё»|«Дарё»]], «Фалак», [[Ансамбли давлатии «Шашмақом»|«Шашмақом»]], [[Ансамбли рақсии «Зебо»|«Зебо»]] ва [[Ансамбли рақсии «Гулрез»|«Гулрез»]] фаъолият менамоянд. Айни ҳол тамоми шабакаҳои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии Кумита тавассути моҳвора ва Шабакаи баландсуръати ҷаҳонии Интернет бо сифати баланд ба тамоми гӯшаҳои олам паҳн мегарданд. Фаъолияти хуби назарраси кормандони Кумита бо нишони «Аълочии телевизион ва радио» қадр карда мешавад. <ref> Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 308 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон </ref>
 
== Нигаред ==
Сатри 15:
* [[Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ (Тоҷикистон)]]
==Манбаъ==
<references />
 
{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон]]