Ғуриён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 1:
'''Ғуриён''' – [[сулола]]и суннимазҳаби [[тоҷикон]], аз [[Хонадони Шонасбониён (Ғуриён)]] аст. Сарсулолаи хонадон Сури ибни Муҳаммад, сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари [[Ғур]]) буд. Шонасбониён (Ғуриён) шоҳони давлати Ғуриён - давлати дуюми таърихии [[тоҷикон]] дар [[Хуросон]] буданд. Давлати Ғуриён солҳои [[1150]] – [[1215]] арзи ҳастӣ намудааст.
 
=== Сари қудрат омадани Ғуриён ===
Сатри 7:
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба [[Ғазна]] биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.
Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Асосгузори давлати Ғуриён [[Алоуддин Ҳусейн]] (Ҷаҳонсӯз) соли [[1150]] ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шикасти ҳалкунанда расонида шаҳри [[Ғазна]]ро забт намуд ва оташ зад (аз инҷо лақаби [[Алоуддин Ҳусейн]]- Ҷаҳонсӯз пайдо щудааст).
Вале муборизаи [[Ғазнавиён]] ва Ғуриён бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи [[Алоуддин Ҳусейн]] - Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони [[Ғазнавиён|ғазнавӣ]], Ҳокими Лоҳур - Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур - Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати [[Ғазнавиён]] тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриён ҳокимияти [[Ғазнавиён|Ғазнавиёнро]]ро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно [[Ғур]] буд.<ref name="ReferenceA">Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414</ref>
 
=== Нашъу намои давлат ===
Султонони [[Ғур]] қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Ғайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони [[Бадахшон]] ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии [[Тоҷикистон]]) ва [[Ӯзбекистон]]и кунунй, аз ҷумла, ноҳияи [[Вахш]], [[Чағониён]], [[Шуғнон]] ва [[Вахон]] ба ҳайъати давлати Ғуриҳо дохил карда шуданд.
Солҳои [[1152]]–[[1206]] дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иrтисодӣ ва мадании давлати Ғуриҳо низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои [[Осиёи Миёна]] хеле ақибмонда буд, ин пешравй дер давом накард.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414<name="ReferenceA"/ref>
== Нигаред ==
* [[Таърихи Тоҷикистон]]
Сатри 18:
== Пайвандҳои беруна ==
* [https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%93%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B4%D1%8B Гуриды]
 
{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Сулолаҳои ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ]]
[[Гурӯҳ:Вилоятҳои таърихии Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ғуриён"