Аъроф (минтақа): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 18:
Мафҳуми Аъроф ва тасаввури ҷойгоҳе дар миёни биҳишту дӯзах дар андешаи динӣ ва фароянди эътиқодии ақвоми гузашта низ решаҳои амиқи фарҳангӣ ва тораҳои таърихӣ дошта ва дар фарҳангҳои динии куҳан ва осори ривоии тамаддунҳои пешин бо тобиш ва мӯҳтавои хосе таҷассум ёфтааст. Дар Авесто ва баъзе осори дигари дини зардуштӣ вожаи «майсувона» ва вожаи паҳлавии «ҳаместагон» номи ҷойгоҳест дар дунёи дигар, ки ҳар кӣ некиҳо ва бадиҳояш баробар ва ҳамвазн бошанд, ба он ҷо медарояд. Майсувона дар луғат ба маънои «омехта» аст ва он ҷойгоҳ ба он ҷиҳат майсувона номида шуда, ки аъмоли неку бади аҳли он бо ҳам омехта аст ва ҳеҷ ҷиҳате бар дигаре бартар набуда. Ҳаместагон дар луғат ба маънои «ҳамеша яксон» аст ва ин аз он рӯ буда, ки некиҳо ва бадиҳои аҳли он бо ҳам баробар ва яксонанд. Дар китоби «Минуи хирад» (фасли 6/банди 18,19) дар бораи ҳаместагон омадааст: Ба ҷуз гармо ва сармо онҳоро ҳеҷ офати дигаре нест.
Бар асоси эътиқодоти масеҳиён низ дар миёни биҳишту дӯзах манзили миёнае бо номи «пургаториюс» [Purgatorius] ба лотинӣ ва «лимбо» [Limbo] ба англисӣ вуҷуд дорад, ки аввалӣ ба маънои поккунанда ва дуюмӣ ба маънои ҳоил ва барзах аст. Ба андешаи динии онҳо ин ҷойгоҳ дар миёнаи биҳишту дӯзах воқеъ гардида ва касе, ки гуноҳи нобахшудание анҷом дода, вале ҳангоми марг машмули афви Худованд қарор гирифта бошад, ба он ҷо бурда мешавад ва дар ниҳоят пас аз бозхости аъмоли халоиқ ба кори онҳо расидагӣ мешавад ва саранҷом ба биҳишт бурда мешаванд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ|2}}