Равшан Раҳмонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Равшан Раҳмонӣ''' (Равшан Қаҳҳорович Раҳмонов) — [[28 ноябр]]и соли [[1954]] дар деҳаи Пасурхӣ, ноҳияи Бойсун, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (1977) дар Комитети радио ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон (1977), сипас дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ҳамчун лаборанти калон (1978—1981) кор кардааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи Кобул ҳамчун тарҷумон фиристода шуд, то 1985 дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кард. Дар Афғонистон бо ҳамкории профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуровро аз алифбои крили ба алифбои форсӣ баргардон кард. Аз соли 1985 дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] муаллим (1985—1986), аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1986—1989), корманди пешбари илмии ДМТ (1990), муаллими калон ДМТ (1991—1993), дотсент (1993), докторант (1993—1997), дотсенти Кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (1997—2001), профессори ҳамин кафедра (2001—2009) будааст. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд» (номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд) аст. Ӯ раиси Пажӯҳишкадаи «Мардумшиносӣ» (аз 1992), бунёдгузор ва сардабири нахустин маҷаллаи хусусии фолклорӣ «Мардумгиёҳ» (аз 1993) аст.
 
== Фаъолияти илмӣ ==