Қурбоналӣ Партоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 24:
 
== Зиндагинома ==
Қурбоналӣ Партоев (Қурбонали Парафшон) [[10 декабр]]идекабри [[соли 1952]] дар деҳаи Машконаки [[ноҳияи Рашт]], дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1973 факултети агрономии [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]]ро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солхои 1974—1976 аспиранти рӯзонаи шӯъбаи селексия ва генетикаи пахтаи Институти «Зироаткорӣ»-и Академияи илмҳои кишоваризӣ буд. Пас аз хатми аспирантура дар ҳамон шуъба ба ҳайси ходими хурди илмӣ (дар муддати солҳои 1977—1980), ходими калони илмӣ (дар муддати солҳои 1981—1983) корҳои илмиро давом додаст. Дар муддати солҳои 1984—2007 дар Институти боғдорӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткории [[Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон]], ба ҳайси ходими пешбари илмӣ, мудири шӯъбаи картошкаправарӣ, ҷонишини директор оид ба илм кор ва фаъолият намудааст.
 
Аз соли 2008 то кунун дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмӣ дар бахши селексия ва тухмипарварии картошка ва инчунин дар як вақт аз соли 2014 то кунун дар вазифаи ходими пешбари илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] дар бахши омӯзиши биопотенсиали растании топинамбур корҳои илмиро давом медиҳад. Аз соли 2003 то кунун директори Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт» мебошад.
 
== Фаъолиятҳои илмӣ ==
Соли [[1982]] натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Тағйирёбии нишонаҳои пахта ва ирсияти онҳо дар натиҷаи дурагакунӣ бо гарди аз таъсири нури офтоби шиддаташ баланд коркард шуда» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Тошкант рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 2013 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони намоёни [[ИҶШС]], профессор Алиев Қ.А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои селексия ва тухмипарварии картошка дар кӯҳистони [[Тоҷикистон]]» дар шаҳри Қазони Федератсияи [[Россия]] ҳимоя намудааст.
 
Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили селексия ва тухмипарварии зироатҳои пахта, картошка ва топинамбур (ноки заминӣ) равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон дурагакунии (гулпайванди) навъҳои картошка ва топинамбурро ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои селексионӣ ӯ шаклҳои нави пахта, картошка ва топинамбурро ба даст овардааст. Ӯ аввалин маротиба омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар ҷараёни ба даст овардани навъҳои нави картошка дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Вай муаллифи 8 навъи нави картошка: «Зарина», «Дӯстӣ», «[[Файзобод]]», «Тоҷикистон», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», «Сурхоб», «Нилуфар», як навъи топинамбур — «Сарват» ва як патент мебошад.
 
Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ беш аз 8 нафар (Сайдалиев Н. Х., Наимов А. С., Каримов И. И. Нихмонов И. С., Қурбонов М.Қ. Сафаралиев Н. М., Ясинов Ш. М., Сафармади Мирзо) рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар (Садридинов С.,Гулов М.) рисолаҳои докториро омода сохтанд.
Сатри 81:
== Мукофотҳо ва ҷоизаҳо ==
* Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Академияи илмҳои табиатшиносии Русия (2016)
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Line 94 ⟶ 97:
# Издание научной и учебно-методической литературы, ISBN, РИНЦ, DOI
 
{{DEFAULTSORT:Партоев Қурбоналӣ}}
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
{{DEFAULTSORT:Партоев Қурбоналӣ}}
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Агрономҳои Тоҷикистон]]