Аҳли Китоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Áҳли китóб''' ({{lang-ar|اهل الكتاب}}, Аҳлу-л-Китоб – пайравони Китоби осмонӣ) — дар [[Қуръон]] касоне, ки дар байни [[Мусулмон|мусулмонон]] ва [[Мушрик|мушрикон]] ([[Бутпараст|бутпарастон]]) қарор доранд.
 
Аҳли китоб пеш аз ҳама яҳудиёну насрониён буда, фақат дар як оят (2:62) собитиён низ бо онҳо якҷо зикр карда шудаанд. Дар ибораи Аҳли китоб манзур аз вожаи «Китоб» [[Таврот]] ва [[Инҷил]] мебошанд. Дар замони футӯҳоти исломӣ бо зардуштиён низ ҳамчун ба аҳли Китоб муносибат карда мешуд. Минбаъд дар баъзе кишварҳо давлати исломӣ барпо мегардад, вале қисме аз аҳолӣ ғайримусулмон мемонданд (масалан дар Ҳиндустон) ва муносибати давлат бо ин қисми аҳолӣ низ аз рӯйи аҳкоми муносибат бо Аҳли китоб анҷом меёфт. Ақидаи исломӣ дар бораи Аҳли китоб чунин аст, ки китобҳои осмонӣ – Таврот, Забур, Инҷил ба онҳо фиристода шуд, вале онҳо ин китобҳоро, бахусус он ҷойҳоеро, ки дар васфи пайғамбари ислом (с) ва пешгӯии омадани ӯ буданд, ҳамчунин оятҳоеро дар бораи пайғамбар будани Исо – писари Марям (а), фарҷоми кор ва меъроҷи ӯ ва дигарро таҳриф карданд.