Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 109.75.49.253 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Vin Jonson анҷом дода буд
Сатри 524:
 
== Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ==
{{асосӣ|Таърихи ҷумҳурии Тоҷикистон}}
Пас аз бебарор анчомидани "«табадуллот"»-и 19-21 августи соли [[1991]] дар Москва, аз [[24 август]]и соли [[1991]] дар [[Душанбе]] гирдиҳамоии ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин бо талаботҳои ба истеъфо баровардани Ҳукумати [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] бо сарварии Президент [[Қаҳҳор Махкамов]], боздоштани фаъолияти [[Ҳизби коммунистии Тоҷикистон]] ва эълон намудани истиқлолияти давлатии [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] баргузор гардид.
[[9 сентябр]]и соли [[1991]] иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]] "«Дар бораи истиқилияти давлатии [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]]"» Изҳорот ва қарор қабул намуд. [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона [[9 сентябр]]и соли [[1991]] арзи вуҷуд кардааст.
Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимят оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавию маҳаллӣ барои ҳокимят табдил ёфт.
Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани [[Қаҳҳор Махкамов]] ҳамчун Президенти ҶТ (аз [[29 ноябр]]и [[соли 1990]]), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии [[Президенти Тоҷикистон]]ро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужи, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи [[Президенти Тоҷикистон]] интихоб гардидани [[Раҳмон Набиев]] (58,8 % овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд.
Соли [[1992]] аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.
 
{{main| Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон}}
 
[[Ҷанги шаҳрвандӣ|Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] дар моҳҳои май - — июни 1992 оғоз ёфт. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқӯъ мепайвастанд, алалхусус дар ҷануби [[Тоҷикистон]].
[[5 май]]и с. [[1992]] - — [[27 июн]]и с. [[1997]] — ҷанги шаҳрвандӣ дар [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]] давом кард. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
[[27 июн]]и с. [[1997]] баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмон]] ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нури [[«Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»]] имзо гардид. Аз [[4 июн]]и соли [[1997]] -  — 1 апрели соли [[2000]] [[Комиссияи Оштии Миллӣ]] фаъолият намудааст. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд.
 
[[6 ноябр]]и соли [[1994]] дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ [[Сарқонуни Тоҷикистон|Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон]] қабул гардид. [[26 сентябр]]и соли [[1999]] ва 22 июни соли [[2003]] ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. [[6 ноябр]]и соли [[1994]] [[Эмомалии Раҳмон]] Президенти [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]]интихоб шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали с. [[1995]] интихобот ба [[Маҷлиси Олӣ]] (парламент) барпо гардид
[[6 ноябр]] соли [[1999]], [[6 ноябр]] соли [[2006]] - — Интихоби такрории умумихалқии [[Эмомалии Раҳмон]] ба сифати [[Президенти Тоҷикистон]] шуда гузаштааст.
 
27 феврали соли [[2000]] рузи баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли [[2000]] - — интихобот ба Маҷлиси Миллии [[Маҷлиси Олӣ]]и [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]]буданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба парламенти касбӣ ташкил ёфт.
 
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 – 20041995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президент [[Эмомалии Раҳмон]] аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.
 
Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ҷорӣ шуда истодаанд.
 
Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян шудаанд:
'''Истиқлолияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва рањоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - — ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]]мебошанд'''.
 
== Ҳафриётҳо ==