Ҷӯрабой Холиқов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 24:
 
== Зиндагинома ==
Ҷӯрабой Холиқов 06-уми феврали соли 1942 дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 факултети химияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В.Ломоносовро (ДДМ) хатм намудааст. Солхои 1965-1967 коромӯзи Институти химия дар ДДМ, 1967-1970 аспиранти рӯзонаи кафедраи пайвастагиҳои калонмолекулавии, факултети химияи ДДМ. Пас аз хатми аспирантура ва ҳимояи диссертасияи номзади дар Институти химия ба ҳайси ходими хурди илмӣ (1971-1974), ходими калони илмӣ (1974-1985) ва аз соли 1985 то 1994 мудири шӯъбаишуъбаи полимерҳои тиббӣ – биологӣ, аз соли 1998 то ҳол мудири озмоишгоҳи химияи пайвастагиҳои калонмолекулавӣ мебошад. Аз соли 2000 ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ таъин шуда, аз соли 2002 вазифаи ҷонишини директорро бар ӯҳда гирифтаастдошт ва соли 2003 аз нав ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи директори Институт таъин гаштамгашт. Аз соли 2004 ба вазифаи директори Институт интихоб шуда, соли 2009 боз аз нав ба муддати 5 сол ба ин вазифа интихоб гаштааст. Аз соли 2014 то имрӯз вазифаи мудири озмоишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекулавиро ба ӯҳда гирифтааст.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Холиқов Ҷӯрабой мутахассиси соҳаи химияи полимерҳо аст. Ӯ саҳми арзанда дар соҳаи ҳосилкунии полимерҳои таббӣ-биологӣ дар асоси мономерҳои этинилпиперидол ва моддаи пектинӣ гузошта аст. Тадқиқотҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба коркарди усулҳои синтези полимерҳои хаттӣ, шоха ва тӯриро дар асоси мономерҳои дар боло зикр шуда, коркарди ҷудокунии ва тозакунии моддаи пектинӣ, омӯзиши структуравӣ, хосиятҳои физико-химиявӣ ва комплексҳосилкунии полимерҳои синтезшуда бо пайвастагиҳои фаъоли биологӣ, таҷрибавӣ асосноккунии клиники татбиқи онҳо дар соҳаи амалии тиббиро фаро мегирад. Дар натиҷаи корҳои синтезии моддаҳо ва маводҳои дорои хосиятҳои гемостатикӣ, зиддимикробӣ ва зиддигепаринӣ иҷро гардидааст. Ҳосил намудани гемосорбентҳо-гидрогел барои ихроҷ намудани билирубин, олигопептидҳои заҳрнок ва липополисахаридҳои микробӣ аз хун ва лимфа хеле самаранок аст. Гидрогел дар асоси полимерҳои нитрогендор омили-ҳассос синтез шудааст.
Як қатор тадқиқотҳои илмӣ дар амал истифода гардидаанд. Истеҳсоли гемо- ва энтросорбент «ИХАНТ» бо қарори Вазорати тандурустии СССР барои озмоиши клиникии иҷозат дода шудааст ва дар клиникаҳои Москва, Санкт-Петербург, Душанбе ва Хӯҷанд гузаронида гузаронида шудааст. Истеҳсолоти санҷишии технологияи истеҳсоли маводҳои хунқатъ кунӣ ва зидди микробӣ дар базаи комбинати пахтаи Глухов (Руссия) гузаронида шуда ва хулосаи мусбати ВНИИМТ Вазорати тандурустии СССР сазовор гардида аст. Рухсатномаи зоофармкомитети Руссия барои ба кор бурдани таркиби зидди микробӣ ва гузаронидани озмоишҳои он барои муолиҷаи бемориҳои меъдаву рӯда ва бронхопневмонии ҳайвонот гирифта шудааст ва дар як қатор хоҷагиҳои ҶТ ва Руссия ин муолиҷа ба роҳ монда шуда аст. Вазорати тандурустӣ барои истифодаи пектини пастметилиронидашуда дар соҳаи тиб иҷозат додааст. Дар солҳои охир ҳамкорӣ бо ходимони озмоишгоҳи химияи ПКМ Институти химия ва Маркази минтақавии департамети давлатии хоҷагии кишоварзии ШМА дар доираи ду лоиҳаи МНТЦ якчанд усулҳои нави ҳосилкунии пектини аълосифат бо истифодаи фишори баланд, тозакунии пешакӣ аз ионии металлҳо аз матритсаи ҳуҷайраҳои растанӣ ва тоза намудани маҳлулҳои гидролизӣ бо тавассути ултра ва диафилтратсия ба роҳ монда шудааст.
Холиқов Ҷӯрабой муаллифи тақрибан 400 нашриёт ва зиёда аз 20 ихтироъ мебошанд. Ӯ соҳиби унвони «Ихтирокорони беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997) гардидааст. Дар зери роҳбарии Холиқов Ҷӯрабой 3 докторон ва зиёда аз 20 номзади илмӣ ҳимоя намудааст. Холиқов Ҷӯрабой муовини раиси шӯроҳои диссертатсионии D.047.003.01 ва 6D.KOA-007 барои додани унвонҳои доктори илм дар Институти химия мебошанд.