Аҳуромаздо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Маъно: навсозӣ
→‎Маъно: илова
Сатри 6:
Дар паҳлавӣ ва Позанд ин номро ба гунаи Уҳрмазд, Ҳурмазд, Урмазд ва Аҳурой Мазд ва дар форсӣ ба сурати Аҳура Маздо ва Ҳурмуз мебинем. Дар «[[Гоҳон]]» танҳо се сурати ин ном, яъне Аҳура, Маздо ва Маздо Аҳура омадааст, аммо дар дигар бахшҳои [[Авесто]] бештар Аҳура Маздо дида мешавад.
 
Номи Аҳура Маздо аз ду ҷузъ ''Аҳура'' ва ''Маздо'' таркиб ёфтааст. Ҷузъи нахустин ҳамон аст, ки дар [[санскрит]] Асура гӯянд ва унвони гурӯҳе аз девондар асотири кӯҳнаи ҳиндувон буда ва дар асотиру дини эрониён Варуна шуда ва ба худованду офаридгор табдил ёфтааст. Дар асотири куҳани ҳиндувон, «Праҷа-пати» (Зарвон дар асотири эронӣ) ба маънии «Худованди офариниш» номи падари худоён аст, ки дар оғоз танҳо ба сар мебурдааст. Ӯ худоёну девон ё бино ба истилоҳи ҳиндӣ худ дар давраи «Бароҳамана»-ҳо, «Дева»-ҳо ва «Асура»-ҳоро офаридааст. «Дева»-ҳо, ки худоёнанд аз дами вай ва «Асура»-ҳо, ки девонанд, аз боди фурӯдини ӯ падид омадаанд. Аҳура дар [[Авесто]] ба маънии бузургу сарвар, ба унвони сифате барои изадони Меҳр ва Апам Напат ҳам ба кор рафта ва дар «[[Гоҳон]]» ва [[Авестои нав]] ба маънии ''фармонраво'' ва ''солору бузург'' дар мавриди одамиён низ омадааст ва дар гузориши паҳлавӣ, онро ба ''«Донок» (доно)'' баргардондаанд. Дар санскрит «Мездос» (баробари Маздои эронӣ) ба маънои ''дониш'' ва ''ҳуш'' аст. Бар рӯи ҳам Аҳура Маздо ба маънии ''«Сарвари доно»'' ё ''«худовандгори огоҳ»'' аст, ки дар [[Эрон]] ҳам пеш аз паёмоварии [[Зартушт]] ва ҳам (ба вижа) пас аз паёмбарии ӯ – номи офаридгори бузурги ҷаҳони некӣ ва Аша ва офариниши нек шинохта шуда ва Спентамаинйу (Спандмену) ба маънии Менуи варҷованд менуи вижаи ӯст, ки дар [[Авестои нав]] гоҳ ба ҷои номи ӯ ва баробар бо он ба кор меравад ва дар набарди бузурги офариниши поку нек бо офариниши нопоку бад, дар баробари Анграмаинйу (Аҳриман) ба маънии «Менуи ситеҳанда» қарор дорад (Анграмаинйу, Спентамаинйу ва Зарвон).<ref>Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. - Душанбе,2016, - 565с.</ref>
 
==Нигаред==