Додохон Мирбобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Мирбобоев Додохон
 
No edit summary
Сатри 3:
Солҳои 1948–1953 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1953–1955 муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров, 1955–1959 муаллими мактаби миёнаи ба номи Коммунизми ш. Конибодом, 1959–1962 аспиранти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар ш. Москва, 1962– 1963 ходими илмии Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, 1963–1982 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1982–1990 мудири кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1990–2004 ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 2004 ба нафақа баромадааст. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи аввали истиқлолият, муносибатҳои халқи авғону шӯравӣ дар бар мегирад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин, нишонҳои сарисинагии «Барои муваффақиятҳо дар кори мактаби олии ИҶШС» (1979) ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) қадр карда шудааст.
Ас.: Сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи аввали ташаккули истиқлолият (бо забони русӣ), Д., 1964; Дӯстӣ ва ҳамкорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1964; Муносибатҳои афғону шӯравӣ дар марҳилаи аввали тараққиёти Афғонистон (солҳои 1919–1928), (бо забони русӣ ), Д., 1965; Намунаи муносибатҳои ҳамкорӣ, Д.,1971; Ҳамзистии осоишта дар мисоли СССР ва Афғонистон, Д., 1974; Дӯстие, ки онро замон санҷидааст, Д., 1981; Барқарорёбӣ ва инкишофи муносибатҳои шӯравию афғон, Д., 1989.
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
*
[[Гурӯҳ:Таърихшиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]