Сайид Алӣ Хоманаӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
| номи аслӣ = سید علی خامنه‌ای
| тасвир = Seyyed_Ali_Khamenei.jpg
| санаи таваллуд = [[1718 июлапрел]]и [[1939]]
| зодгоҳ =[[Хуросон]], [[Машҳад]], [[Эрон]]
| навъи фаъолият =раҳбар
}}
 
'''Сайидалии Ҳусайнии Хоманаӣ''' ({{lang-fa|سید علی حسینی خامنه‌ای}}) (зодаи 18 апрели 1939, [[Машҳад]]) маъруф ба '''Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ''', руҳонии мусалмон, муҷтаҳид, марҷаъи тақлиди шиъа ва имом хатиби ҷумъаи [[Теҳрон]] ва дуввумин роҳбари [[Эрон|Ҷумҳурии Исломии Эрон]] пас аз [[Оятуллоҳ Хумайнӣ|Руҳуллоҳи Хумайнӣ]] аст. Тибқи [[Вилояти фақеҳ|назирияи Вилояти фақеҳ]] аз вай ба унвони "Мақоми узмои вилоят", "Валии амри муслимини ҷаҳон" ва "Роҳбари муаззами Инқилоб" ёд мешавад. Вай тибқи аслҳои 107 ва 110-и сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, баландтарин мақоми кишвар ва [[Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон]] маҳсуб мешавад. Ӯ раиси [[Бунёди доиратул-маорифи исломӣ]] низ ҳаст.<ref>{{Cite journal|date=2018-03-03|title=سید علی خامنه‌ای|url=https://fa.wikipedia.org/w/index.php?title=%D8%B3%DB%8C%D8%AF_%D8%B9%D9%84%DB%8C_%D8%AE%D8%A7%D9%85%D9%86%D9%87%E2%80%8C%D8%A7%DB%8C&oldid=22270928|journal=ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد|language=fa|access-date=2018-03-08}}</ref>
'''Саид Алӣ Хоменеӣ''' ({{lang-fa|سید علی خامنه‌ای}}) раҳбари кунунӣ ва дувумин раҳбари [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] аст. президенти Эрона (1981—1989), яке аз сарварони Инқилоби исломии Эрон ва аятуллош Р. Хомейни.<ref>Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/سید_علی_خامنه‌ای</ref>
 
== Зиндагинома ==
Сайидали Ҳусайни Хоманаӣ, фарзанди [[Сайидҷаводи Ҳусайнии Хоманаӣ]] дар моҳи апрели соли 1939 баробари бо 1318-и шамсӣ дар шаҳри [[Машҳад]] чашм ба дунё кушод.
 
=== Таҳсилот ===
Хоманаӣ аз 12 солагӣ бо рафтан ба мадрасаи динии Сулаймонхон ва баъд дар мадрасаи Наввоб дар Машҳад таҳсил кард.
 
Пас аз омӯхтани муқаддамоти улуми динӣ, фарогирии дарсҳои баланд монанди: Маолим, Қавонин, шарҳи Лумъа, Расоил ва Макосиб ва Кифоя, аз устодоне монанди [[Оятуллоҳ Мирзо Аҳмад Мударриси Яздӣ]], [[Шайх Ҳошими Қазвинӣ|Ҳоҷ Шайх Ҳошими Қазвинӣ]], ва [[Сайидҷалили Ҳусайнии Систонӣ]] истифодаи илмӣ кард. Хоманаии навҷавон бештар аз падараш, ки иҷозаи иҷтиҳод дошт, истифодаи илмӣ мекард.
 
Хоманаӣ аз 16 солагӣ дарси сатҳи болои [[Муҳаммадҳодии Милонӣ|Муҳаммадҳодии Милони]]<nowiki/>ро шурӯъ кард. Дар 18 солагӣ ба шаҳри [[Наҷаф]] дар [[Ироқ]] рафт, ва онҷо бештар дарси [[Мӯҳсини Ҳаким]]<nowiki/>ро писандид, ва тасмим гирифт онҷо бимонад ва дарс хонад, барои ҳамин ба падараш нома навишт, аммо падараш иҷозат надод, ва дар натиҷа ба шаҳри Машҳад баргашт.
 
Баъд аз баргашт ба Машҳад, бо талабаҳо, ки барои зиёрат аз [[Қум]] ба Машҳад мерафтанд иртибот барқарор кард, ва тасмими ҷиддӣ гирифт то ба Қум ҳиҷрат кунад ва дар онҷо, таҳсилро идома диҳад. Аммо дар он сол падараш мувофиқат накард, то ин ки як сол гузашт, ва падараш барои ҳиҷрат ба Қум розӣ шуд. Бо шурӯъи соли нави таҳсилӣ ба Қум рафт, ва дар мадрасаи [[Ҳуҷҷатия]] мустақар шуд. Дар он замон раиси ҳавза ва [[марҷаъияти шиъа]] бар ӯҳдаи [[Ҳусайни Буруҷирдӣ]] буд.
 
Хоманаӣ ба хотири мутолеаи зиёд ва дарси зиёд, байни талабаҳо машҳур шуда буд. Аз аввали вурудаш ба Қум, дар дарси сатҳи болои фиқҳи Ҳусайни Буруҷирдӣ ширкат кард. Аз ҳамон аввал ҳам дар дарси Руҳуллоҳи Хумайнӣ низ ширкат мекард.
 
=== Мубориза ===
Дар соли 1941 Ҳусайни Буруҷирдӣ аз дунё рафт, ва марҷаъияти Руҳуллоҳи Хумайнӣ матраҳ шуд. Бо интиқодҳо ва эътирозоти Хумайнб бар зидди [[Муҳаммадризо Паҳлавӣ|Шоҳ]], пояҳои қиёми Исломӣ дар Қум рехта шуд.
 
Хоманаӣ ҳамроҳ бо таҳсили илм, ба мубориза ҳам мепардохт, ки дар соли 1963 ҳамчун намояндаи Хумайнӣ ба Машҳад назди Муҳаммадҳодии Милонӣ фиристода шуд.
 
Дар соли 1964 падари Хоманаӣ биноии худро аз даст медиҳад. Ӯ ки мехост дар Қум бимонад, ва устодонаш ҳам бар монданаш дар Қум исрор мекарданд, тасмим гирифт ба Машҳад ба назди падараш равад. Хоманаӣ баъд аз нобино шудани падараш, барои падараш китоб мутолиа мекард ва ҳамонро бо падараш баҳс мекард.
 
Сайидалии Хоманаӣ ҳамроҳ бо мубориза, китобҳои Расоил ва Макосибро тадрис мекард, ва ҳамчунин дарси тафсири Қуръон дошт. Ин дар ҳоле буд, ки вай 26 сола буд.
 
Ҷаласоти тафсирии Хоманаӣ мавриди истиқболи талабаҳо қарор гирифт ва ҳама ба тафсир тарғиб мешуданд ва алоқаашон зиёд мешуд. Ин дарсҳо ки ҳамроҳ бо баҳсҳои мубориза матраҳ мешуд, чандбор аз тарафи ҳукумати вақт манъ шуд.
 
Дарсҳои Хоманаӣ идома дошт то замоне, ки ба [[Эроншаҳр]] табъид шуд ва дарсҳояш таътил шуд.
 
Сайидалии Хоманаӣ ба сабаби муборизаҳо, чандбор дастгир шуд ва ба шаҳри дигар табъид шуд.<ref>{{Cite news|title=Зиндагинома|author=Operator|url=http://khameneitj.info/%D0%B7%D0%B8%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D0%B8%D0%BD%D0%BE%D0%BC%D0%B0/%D0%BE%D1%8F%D1%82%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D1%85%D0%BE%D0%BC%D0%B0%D0%BD%D0%B0%D3%A3.html|accessdate=2018-03-08|language=en-gb}}</ref>
 
== Масъулиятҳо ==
Пас аз пирӯзии [[Инқилоби Исломии Эрон]], Сайидалии Хоманаӣ масъулиятҳои зиёде дошта, ки ба таври хулоса ба шарҳи зайл мебошад:
* Узви Шӯрои инқилоби исломӣ.
* Поягузори Ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ.
* Муовинати Вазорати дифоъ.
* Сарпарастии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.
* Имом ҷумъаи шаҳри Теҳрон.
* Намояндаи Хумайнӣ дар Шӯрои олии дифоъ.
* Намояндаи мардуми Теҳрон дар [[Маҷлиси шӯрои исломӣ]].
* Ҳузур дар сангарҳои ҷанги Ироқ бо Эрон.
* Ду давра президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.
* Раиси Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ.
* Раиси [[Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом]].
* Раиси Шӯрои бознигарии қонуни асосӣ.
* Валии фақеҳ, ва роҳбари инқилоби Исломӣ.<ref>{{Cite web|url=http://farsi.khamenei.ir/memory-content?id=26142|title=نگاهی گذرا به زندگینامه‌ی حضرت آیت‌الله‌العظمی سید علی حسینی خامنه‌ای|author=Khamenei.ir|date=2014-03-21|accessdate=2018-03-08}}</ref>
 
== Нигаред ==