Карим Аҳмадов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Карим Аҳмадов |номи аслӣ = Аҳмадов Карим Юсуфович |тасвир = |бар...
(бе тафовут)

Нусха 03:58, 14 марти 2018

Карим Аҳмадов (Аҳмадов Карим Юсуфович; 1917, Хуҷанд — 2009, Душанбе) — физиолог, д. и. тиб (1967), профессор (1968).

Карим Аҳмадов
Аҳмадов Карим Юсуфович
Таърихи таваллуд 1917
Зодгоҳ Хуҷанд
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тошканд (1954)

Зиндагинома

Институти давлатии тиббии Тошкандро хатм кардааст (1941). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941-45), духтури калони полкҳои савораи 267 ва 219-уми дивизияи кавалерии 104-уми Тоҷикистон, полки кавалерии гвардияи 56-уми дивизияи кавалерии гвардиявии 14-ум, майори хизмати тиббӣ. Дар муҳорибаҳо аз Сталинград то Элба ширкат дошт. Ассистент (1947-59), дотсент (1959-67) ва мудири кафедраи физиологияи эътидолии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1967-82). Солҳои 1953-57 вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 90 асару мақолаи илмӣ. Доир ба мавзӯи «Нафаскашӣ ва танзими он дар шароити гипоксияи баландкӯҳ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Аҳмадов солҳои дароз раиси Ҷамъияти физиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 4). Бо 8 орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор

  • Дыхание человека при высокогорной гипоксии. Д., 1971.

Эзоҳ

Сарчашма

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.