Урун Кӯҳзод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
→‎Эҷодиёт: сарчашмаҳо
Сатри 16:
== Эҷодиёт ==
Ба кори эҷодӣ аз аввали солҳои шастуми асри мозӣ саргармӣ дошта, дар оғози фаъолияташ ба таълифи ҳикоя, бахусус, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, пардохтааст, ки аксарашон дар ду маҷмӯа – «Сареву савдое» (1971) ва «Як сару сад хаёл» (1983) фароҳам омадаанд.
 
Дар давоми солҳои ҳафтодуми асри гузашта насри тоҷик дар адабиёт мақоми устувор пайдо карда, аз тасвирҳои зоҳирӣ ба инъикоси рӯҳии инсон, мураккабии рафтору кирдор ва андешаю гуфтори қаҳрамонон рӯй овард, ки Урун Кӯҳзод ҳам дар ин ҷода аз ҷавонадибони муваффақ ва ҷӯяндаву тозанигор буд.
 
Аз ҷумла, дар қиссаҳои «Роҳи ағба» (1971), «Писанддара» (1974), «Бандии озод», «Тақвими раҳгум» ва ғ., ки хусусияти мардумшиносӣ доранд, ба таҳқиқи хислату характер ва тасвири масъулияти инсонҳо дар ҷомеа рӯй оварда, сабку чеҳраи хоси нигорандагии худро аёну баён карда тавонист. Сипас қиссаи «Кини Хумор» (1976) ба дасти хонандагон расид, ки давоми мавзӯи пайгирифтаи нависанда буда, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеаро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додаст. Дар асарҳояш ба рухдоду ҳодисаҳо ва рафтору кирдори одамон бо назари танқидӣ менигарад.
Соли 1977 қиссаи мусаннади «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз» ба табъ расид, ки ба тасвири порае аз рӯзгори сангини фарзанди фарзона ва муборизи халқи тоҷик Устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ин қисса муаллифашро ҳамчун нависандаи таърихдону рӯҳшинос муаррифӣ карда, сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардонид.
Line 26 ⟶ 24:
Романи таърихии Урун Кӯҳзод «Ҳайҷо», ки солҳои 2005-2006 дар маҷаллаҳои «Сухан» ва «Садои Шарқ» ва соли 2014 дар шакли китоб ба табъ расид, ба таҳқиқи адабии мавзӯи хеле муҳим – аз тарафи Русияи подшоҳӣ ғасб намудани Осиёи Миёна, хосса Аморати Бухоро, бахшида шудааст, ки аз нигоҳи паҳнои тасвири воқеаҳо ва баррасию арзёбии онҳо хеле ҷолибу беназир аст.
Тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи хориҷӣ, аз ҷумлаи К. Чандар, Ҳ. Ғулом, Л. Ленч, С. Хонзодян, В. Санги, қиссаи А.П. Чехов «Дашт», романи Г.Г. Маркес «Хазони умри Одамхудо», ҳикояҳои Азиз Несин «Мактубҳо аз он дунё», мунтахаби осори Р.Домонович «Бозгашти Шоҳзода Марко» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки басо моҳирона анҷом ёфтаанд.
Иддае аз асарҳои Урун Кӯҳзод ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои шӯравӣ ба табъ расидаанд.<ref>[https://www.navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/navisandagon/261-urun-k-zod Урун Кӯҳзод]</ref>
== Эзоҳ ==
 
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]