Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ, илова
Сатри 17:
|жанр = [[шеър]], [[достон]], [[ҳикоя]], очерк, пйеса, драмаи мусиқави, либреттои опера
|забони осор = [[забони тоҷикӣ]]
|мукофотҳо = ду{{ордени Байрақи Сурхи Меҳнат}}, {{ордени байрақиБайрақи Сурхи Меҳнат}}, ду{{ордени Нишони Фахрӣ}}, {{ордени “НишониНишони Фахрӣ”Фахрӣ}} ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
|ҷоизаҳо =
|Lib =
Сатри 23:
}}
 
'''Абдусалом Деҳотӣ''' - ([[14 март]], [[1911]], д. Боғимайдони н. [[Самарқанд]] – [[31 январ]], [[1962]], ш. [[Душанбе]]), [[шоир]], [[нависанда]], дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (соли [[1934]]).<ref>Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С.50 — 184 с. ISBN 978-99947-958-2-6 </ref>
 
== Зиндагинома ==
Сатри 33:
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и ш. Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи [[Мирзо Турсунзода]] дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор [[Сергей Баласанян]]). Дар ин дром оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор [[Зиёдулло Шаҳидӣ]]). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии [[Боқи Раҳимзода]]) комедияи ҳаҷвӣ мебошад.
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад.<ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560</ref>
 
==Осор==
Сатри 49:
* либреттои операи “Шӯриши Восеъ” (1940),
* либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
* маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).,
* “Куллиёт” Иборат аз панҷ ҷилд (1965-1966).
== Мукофот ==
* ду ордени байрақиБайрақи Сурхи Меҳнат,
* ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.<ref>[http://aslunasl.tj/гиромидошти-шахсиятҳои-барҷаста/ Гиромидошти шахсиятҳои барҷаста]</ref>
 
== Некдошт==
Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. [[Душанбе]] ва ш. [[Самарқанд]] гузошта шудааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. Душанбе, 2013, - сС.50 — 184 с. ISBN 978-99947-958-2-6 </ref>
==Манобеъ==
<references/>