Абдуҷаббор Раҳмонзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 70:
Мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонов, бо забони русӣ ва англисӣ низ ба чоп расидааст. Рисолааш бо номи «Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» соли 2009 бо хатти форсӣ дар нашриёти «Мадраса»-и Ҷумҳурии Исломи Эрон аз чоп баромад. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаи номбурдаро бо унвони «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» ба хатти форсӣ бо таҳриру иловаҳо соли 2011 аз чоп баровада, пешниҳоди форсизабон намуд.
 
== Хадамот дар бахши маоирфмаориф ва фарҳанг ==
Абдуҷаббор Раҳмонов, дар рушди маорифи Тоҷикистон хидмати шоиста намуда, доир ба проблемаҳои соҳаи маориф мақолаҳои зиёд таълиф намудааст. Вай ба ислоҳот ва таҷидгароии зинаҳои мухталифи таҳсилот оғоз намуда, дар ин самт бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба комёбиҳо ноил гардидааст. Рисолаи вай «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ҳаммуллифии А. Расулов, Қ. Қодиров, Х. Афзалов таълиф шудааст, доир ба таърихи ташаккули маориф ва рушди он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар рисолаи таълимӣ-ахлоқии вай «Одоби салом» бошад, арзиши ахлоқии «салом» барои наврасон ва навҷавонон шарҳ дода шудааст. Абдуҷаббор Раҳмонов инчунин дар таълифи як қатор қонунҳое, ки дар соҳаи маориф тасдиқ гардидаанд, иштирок намуда, дар таҳия ва таълифи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳаи маориф бевосита ширкат намудааст. Мақолаҳои ӯ дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф, низоми маблағгузорӣ дар ин соҳа ва инчунин рушди инноватсия ва илм дар системаи таҳсилоти олии касбӣ дар маҷмӯаи мақолаҳо ва маҷаллаҳои соҳаи маориф нашр гардидаанд.
 
Номбурда дар соҳаи фарҳанг низ якчанд мақола таҳия карда, дар бораи чеҳраҳои зиёди фарҳангӣ мазмунҳои алоҳида таълиф кардааст. Мақолаҳои вай дар бораи асарҳои драмавии Юнони қадим, рассомони машҳур, асарҳои драматургони тоҷик, нақши эҷодкорон дар рушди саҳнаи тоҷик ва ғайра дар матбуоти даврӣ нашр шудааст. Бо ташаббуси вай лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, соли 2006 аз чоп баромадааст, ки муқаддима, ва боби «Фарҳанг ва низоъ»-и он ба қалами ӯ тааллуқ дорад.