Ҷумҳурият (рӯзнома): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 36:
== Таърих ==
Нахустшумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ [[15 март]]и [[соли 1925]] бо номи хушсадову умедбахши «[[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|Иди тоҷик]]» дар [[Душанбе]] ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт, мушаххасу равшантар гаштанд. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт. Минбаъд рӯзнома бо номиномҳои «Тоҷикистони шӯравӣсоветӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ»(01.01.91) фаъолияти хешро давом дода ҳафтае 6 шумора ба табъ мерасид ва теъдоди нашри он аз ҳамаи нашрияҳои даврии замони шӯравӣ дар [[ҶШС Тоҷикистон]] зиёдтар будааст.
Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеъи давлату миллати тоҷик қарор дорад.
«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари оддиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва қимматтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд.