Буддоия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Ман дар бораи дини Буддои маълумоти пурра ворид кардам.
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 4:
 
Соли 2010 шумораи диндорон 450 — 500 миллион нафар (аз рӯи донишномаи Британика ([[Encyclopedia Britannica]]) — 463 млн. наф.<ref>{{cite web |url= http://www.britannica.com/EBchecked/topic/1731588/Religion-Year-In-Review-2010/298437/Worldwide-Adherents-of-All-Religions|title= Worldwide Adherents of All Religions|author= Darrell J. Turner|date= 2010|work= |publisher= [[Encyclopedia Britannica]]|accessdate=2015-05-12 |lang=en}}</ref>, мувофиқи донишномаи Динҳои ҷаҳонӣ («Религии мира») [[Ҷон Гордон Мелтон|Ҷон Мелтон]] — 469 млн.<ref>{{книга|автор = Todd M. Johnson|часть= Religious Adherents of the World by Continent and Region| заглавие=Religions of the World: A Comprehensive Encyclopedia of Beliefs and Practices|ответственный= [[Мелтон, Джон Гордон|J. Gordon Melton]], Martin Baumann|место= {{Oxf.}}|издательство=ABC CLIO|год=2010|страниц= 3200|страницы = lix | isbn = 1-57607-223-1}}</ref> ташкил мекард.
Маълумоти пурра.
 
Динҳои ҷаҳонӣ гуфта дар диншиносии муосир динҳоеро мегӯянд, ки дар як вақт дини давлатии якчанд давлатро ташкил медоданд. Ба динҳои ҷаҳонӣ динҳои Буддоия, Насрония ва ислом дохил мешаванд. Буддоия низ яке аз паҳншудатарин дини рӯи олам буда пайравони он зиёда дар 100 давлати ҷаҳон зиндагӣ мекунад.
 
Буддизм аз мафҳуми буддо яъне бедоршуда, маърифатёфта баромадааст. Буддиз аз ҳама дини қадимтарини ҷаҳонӣ буда дар асри 6-и то мелодӣ дар Ҳиндустон ташаккул ёфта хеле тез ба дини давлатии мамлакатҳои Осиёи Шарқӣ (Ҳиндустон, Бангладеш, Муғулистон, шри Ланка, Непал, Бирма, Лаос, Таиланд, Япония, Хитой, Ветнам, Камбоҷа, Малайзия, Сингапур ва Шарқи дури Рассия) паҳн гардид. Мувофиқи ривоятҳо асосгузори буддоия шоҳзода Сиддҳартҳа Гаутама ба ҳисоб меравад. Модараш шаҳбону Мая ном дошт. Зиндагии давраи бачагӣ ва наврасии Сиддҳартҳа он қадар равшан нест. Дар муайян намудани давраи зиндагии Сиддҳартҳа баҳси зиёде аст.Вале миқдори зиёди муаррихон ва таърихнигорон дар он ақидаанд, ки давраи зиндагонии вай тақрибан солҳои 564-560 то 483-480 то мелод будааст. Ӯ дар синни 20 солагӣ аз зиндагии шоҳона даст каши два роҳи биёбону дарвеширо пеш гирифта тарки хостаҳои нафсонӣ (лаззатҳои ҳисмонӣ, ишқбозиро берун аз ҳуқуқи расму одоб) кард абудааст. Дар синни 29 солагӣ тарки шозодагӣ карда гушанишиниро барои ба тафаккури дарёфти роҳи наҳот ёфтан пеша кард. Дар даруни бешае таги дарахте нишаста қавл медиҳад, ки то ба дарки ҳақиқат нарасад, таги бешаю дарахтро тарк намекунад. Мувофиқи ривоятҳо ӯ дар 7 ҳафта ба маърифати комил мерасад , ки дар ин ҳангом ваӣ 35 сола буд. Баъди ин Сиддҳарта бо номи Буддо- мунаввар шуда, бедоршуда, ба мақсадрасида боз 45 соли дигар оворагардӣ намуда таълимоти худро паҳн намуда, соли 483ё 480 аз олам гузашт. Яъне як хусусияти фардии асосгузори динӣ буддоия Сиддҳартҳа он аст, ки ӯ на фиристодаи Худо ва на писари Худост.
 
Сабаби пайдоиши дини буддоия ва таълимоти дунявии он муборизаи байни табақаи ҳукмрони Ҳиндустон- браҳманҳо (руҳониён) ва кшатриҳо (ҳарбиён) барои ҳокимияти марказӣ дар давлати ғуломдории Ҳиндустон буд. То асри 6 ин ду табақа ҳамзистӣ карда натавонистанд. Вале сохтори ғуломдорӣ шарту шароитҳои нави баҳрабардорӣ аз ҳокимиятро пеш оварда браҳманҳо то рафт бартарии ҳукмрониро соҳиб гардида кашатриҳоро танг кардан гирифтанд. Ин буд, ки оштии онҳо ба охир расида, кшатриҳо ба оппозитсияи давлатӣ табдил ётф ва барои пурзӯр кардани таъсири худ рақобат кардан бо таъсири брахманҳо ба табақаҳои вайшиҳо (ҳунармандон: зироаткорон, чорводорон, савдогарон) ва шураҳо (хизматгорон) такя намуданд.
 
Таълимоти Буддоия камбағалӣ, ғуломдорӣ ва беҳуқуқиро маҳкум намекард ва намекунад. Баръакс таъкид мекунад, ки қадаре ки инсон азоби зиёд бинад, ҳамон қадар устувортар ба наҷот (нирвана) мерасад.
 
Буддоия асосан такя бар брахмания менамояд. Вале будизм бо биёр ҷиҳатҳо ба монанди маъбадҳо,худоён, маросимҳо ва воситаҳои таъсиррасонй ба диндорон аз брахманизм фарқ мекунад. Ин фарқият он аст, ки будоия динест, ких удои ягона ва шинохташударо намедонад, аммо худоҳои ведаҳо ва Брахмаро инкор намекунад. Вле Будо нисбат ба ҳамаи Худоҳои ҳиндустонӣ баландтар гузошта мешавад. Буддо созандаи наҷотбахш, қудратманд нест. Ӯ фақат ба солик роҳнамоӣ намуда, барои ӯ усули ҳақиқии дар карданро кушода роҳи дустиро нишон медиҳад. Дар буддизм таълимот дар бораи худое, ки оламро офаридааст вуҷуд надорад. Агарчи дар бораи чунин қувва- ишваро қоил аст. Вале Буддо дорои қувва нест. Буддизм ба камбағалон умеди ба бой табдил ёфтанро додааст, ки инсон дар натиҷаи ҳаёти солиҳонаю пандомез метавонад ба Буддо бипайвандад ва ба қуллаи мақсуд яъне нирвана (саодат) бирасад. Барои расидан ба ин мақсад буддизм таълимотро дар бораи азоб, ки дар кашфи чор ҳақиқат: дакха, самудая, нираха ва марга дарҷ ёфтааст, пеш гузоштааст.
 
Дакха – зиндагӣ худ мусибату ранҳ аст, аз таваллуд, касалӣ ва марг, ки онҳо худ ранҷу азоб мебошанд, иборат аст.
Самудая – шарҳи сабаби азобро фаҳмониданаст, ки аз шавқи қаноатмандии шаҳватҳо, хоҳишу табаби бахт, кушишу завқи зиндагонӣ (ҳаёт ба сар бурдан) иборатанд.
Нирадха – тавияи роҳҳои наҷот. Барои ин бояд шахс дар худ хоҳишу таъмин намудани шаҳватхоиҳояшро, ҳавасҳо,хушбахтию хушҳолӣ, хоҳиши ҳаёт, ҳокимият (мансаб), шуҳратпарастӣ, мағруриро фурӯ нишонад.
Марга (магга) – тавияи риоя намудани шартҳои асосии аз азоб халосӣ ёфтан ва ё расидан ба некукорию некиродагист, ки дар боварии дуруст ва бе роҳгумзанӣ ба Буддо: нияти дуруст бо одамон, бе куштор ва беҳуҷум, худдорӣ ва эҳтиёткорӣ, хотираи порсоӣ (мустаҳкамӣ), ки доимо дар ёди худо буданро таъмин карда тавонад, андешаи дуруст дар бораи он ки ҳаёт ин умри муваққатии заминӣ буда, абадият ин расидан ба саодат –нирвана аст.
Ахлоқи буддоия талаб мекунад, ки инсон аз ҳама хоҳишҳо ва ҳиссётҳои зиндагӣ даст кашида барои наҷоти ояндааш ҳама гуна ноҳақиҳои зиндагию ҷамъиятӣ бечуну чаро ва итоаткорона розӣ шавад ва қабул намояд.
 
Ахлоқи буддоӣ аз руҳониён (роҳибон) иҷрои 10 ва аз раъиият 5 фармударо талаб дорад.
 
Аз руҳониён: 1. Ҳеҷ ҷисми зиндаро қатл накун, 2. Он чӣ ки ба ту дахл надорад, нагир, 3. Аз ишварзӣ худдорӣ кун, 4. Дуруғ нагӯй, 5. Аз нушокиҳои мадҳушкунанда парҳез бош, 6. Баъди нисфирӯзӣ хурок нахур, 7. Дар ҷойҳои рақс, суруд, мусиқӣ, бозиҳо иштирок ва таввақуф накун, 8. Аз атриёт, ҷавоҳирот, рангу равғанҳои пусту муй истифода набар, 9. Дар ҷойгаи хоби баланду васеъ хоб нарав, 10. Соҳиби нуқра ва тилло набош.
 
Аз ин даҳ тавсия 5тои аввалаш барои соликони қаторӣ пешниҳод шудааст. Буддизм, ки асосҳои ғоявии худро аз анъанаҳои диндории брахманизм ва ҳукмронии табақаи брахманҳо гирифта буд, наметавонист, ки дину сиёсати ягонаи ба камолрасида бошад. Чунки таълимоти нав ба вуҷуд омада аввалан ҳоло дар ҳама қисматҳои Ҳиндустон ба шакли пурраи худ надаромадааст ва сониян ҳам, ҷамъияти ғуломдории кайҳо ба вуҷуд омада, хулосаи таҳаввулоти динӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустонро тақозо мекард. Боддоияи асри VI то мелод ҳамон талабот ҷавобгӯ буд. Вале дар асри VI-III то мелодӣ ҷамъияти ғуломдорииҲиндустон ва таълимоти буддоия ҳам шакли класикии худро гирифтанд, ки нормаҳои ҳуқуқию динии пештара муқарраршуда фақат шартан риоя ва қабул карда шуда метавонистанд. Яъне, ҳаёт ба ин қонуну қоидаҳои давлату дин тағиротҳои худро дароварда буд. Ва дар ин кор дину давлати ҳиндуиҳо даст ба даст мерафтанд. Яъне диндорони калону ҳокимон ҳам аз як табақа-барҳманҳо буданд. То кадом андозае,ки сохтори сиёсии ғуломдории Ҳиндустон минтақаҳои нав ба навро фаро мегирифт, ҳамон қадар сохтори динии буддоия ҳам шаклу таълимоти дигарро мегирифт.Яъне ҷанбаҳои миллию минтақавии ташаккулёбии дини давлатӣ ҳис карда мешавад. Равияҳо ва шарҳҳои гуногуни буддоия ба вуҷуд меоянд. Буддоизм дар асрҳои IV-II пеш аз милод ба ду ҷараён: хинаяна ва махаяна ҷудо шуд. Асоси ба ин ду гуруҳ ҷудо шудани буддизмро ақидаи роҳи рпасидан ба нирвана (махлут шудан, омезиш ёфтан ба маънои дарки зоҳирию ботинӣ кардан- маърифат ёфтан, бедор шудан буддо шудан) ташкил медиҳад. Мақсади ба нирвана расидан аз табдилёбии беохир озод шудан аст. Буддизми асри VI роҳи аз ин табдилёбии озод шуданро ба воситаи ҳаракатҳои беохори дхармаҳо, ки манбаи асосии табдилёбӣ – маҷмӯи ашёҳо ва ҷисмҳо мебошанду ба карма –асосе тадил меёбанд ва ин асос метавонанд хуб ва бад, солим ва касал, бой вағал бошад. Ин раванди ҳаркати дхарма ва ба асос табдил ёфтани «чархи ҳаёт» (чархи фалак, чархи гардун, чархи эдунӣ форсӣ- тоҷикӣ) меноманд.
 
Буддо хислатҳо ва ҳофизаҳои баланди қувва, ақл, тафаккур, қудрати паридан, парвоз, шиноварӣ,ҷисмонианд. Ривоятҳои зиёде дар бораи хислатҳои буддоҳо нақл мекунанад. Маҳз ҳамин хислатҳо имконият медод, ки буддизм дар ин намунааш ба дин ҷаҳонӣ табдил ёбад. Вале аз асри 3 мелодӣ сар карда будизм аз Ҳиндустон берун рафта ҳои худро ба индуизм дод.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}