Мучал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 23:
* Саг – саг дӯсти одам аст, солаш хуб мешавад. Зимистон гарм омада, ҳосили фаровон мешавад.
* Хук – хук ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.
== Cоли Саг ==
Аз рӯи солшумории дувоздаҳгона соли 2018 Соли саг аст, ки онро Соли Вафодор низ мегӯянд. Мардум аз таҷрибаҳои зиндагӣ Соли сагро нек арзёбӣ мекунад. Ин пешгӯиҳои мардум табиист ва шояд чунин ҳам бошад, зеро аз байни ҳайвонҳои ромшуда беҳтарин дӯсту вафодор, посбон ва муҳофизи инсон саг маҳсуб меёбад. Чӯпонҳо беҳтарин зотҳои сагро парвариш намуда, барои нигоҳубини рама шабу рӯз ҳамроҳи худ мегиранд ва ҳамеша дилпуранд, ки ин дӯсти вафодорашон гӯсфандонро аз ҳамлаи дарандагони ваҳшӣ эмин нигоҳ медорад. Бахусус, афсарону сарбозон, кормандони хадамоти амният, оташнишонию ҳолатҳои фавқулода ба саг, ҳамчун ба ҳайвони нотарс, ҷасур, далер, чолоку ҳушёр ва доною рамузфаҳм бовар доранд. Дар таърихи парваришу нигоҳубини ҳайвонот хизматҳои зотҳои мухталифи саг дар муҳофизати аҳли хонавода, рамаю галаҳо, марзу буми кишвар, ошкор кардани амалҳои ниҳон намудани маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо, наҷоти одамо-ну ҳайвонот дар ҳодисаҳои сӯхтор, заминҷунбӣ, селу боронгариҳо ва дигар офатҳои табиӣ ва ғ. басо бузург аст. Кам нестанд сагҳое, ки барои хизматҳояшон дар корҳои наҷотбахшӣ ва муҳофизати одамону иншоотҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. <ref>[http://kumitaizabon.tj/tg/content/ruznomai-ganchi-zabon-no3-23-marti-soli-2018 Мучал. //Ганҷи забон, 3 (23) марти соли 2018]</ref>
 
== Солбарорӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мучал"