Фарқият байни намунаҳои "Пайрав Сулаймонӣ"

(→‎Эҷодиёт: илова)
 
 
Пайрав Сулаймонӣ [[9 июн]]и соли [[1933]] аз олам даргузашт.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
== Эҷодиёт ==
Аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғ. мисоли онанд. Устод [[Садриддин Айнӣ]] намунаҳои ашъори Пайравро ба «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд, ки мутолиаи шеърҳои «Як қурбонии кӯчаи буржуозии Аврупо», «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон», «Ба тахтнишин», «Сарват ва меҳнат», «Мужда бод, зинда бод Ҳаштуми Март!» ин даъворо собит мегардонанд.
Ҳикояи «Гуландом» намунаи беҳтарини осори мансури ӯст.
 
Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори «Шашпардор» интишор ёфтаанд.
«Муфаттиш»-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.
Як даста шерҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.<ref>[http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/369-pajrav-sulajmon Пайрав Сулаймонӣ] </ref>
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад. Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав Сулаймонӣ, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17-солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.