Фарқият байни намунаҳои "Пайрав Сулаймонӣ"

(→‎Пайвандҳо: илова, сарчашмаҳо)
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
 
Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав Сулаймонӣ ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав Сулаймонӣ 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани ''Бектош'' гардидааст: {{аввали иқтибос}}{{охири иқтибос|сарчашма=}}«Аз ин нуқтаи назар Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.
Раҳим Ҳошим ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1934 18 шеъри лирикии Пайравро дохил намудааст.
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав Сулаймонӣ – Шоираи Халқии Тоҷикистон [[Гулчеҳра Сулаймонӣ]] тасдиқ мекунад: {{аввали иқтибос}}«Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова шудааст».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
 
Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ нишон дода шудаанд.
Дар бисёр мавридҳо ба ҷои нашри охирини асари шоир дастхати ӯ аз архив чун матни асосӣ истифода шуд, зеро матни шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ бо ду роҳ осеб дидааст:
 
# Нодуруст хондани калима боиси тағйир ёфтани он ва дигар шудани мазмуни мисраъ гардидааст.
Масалан, дар шеъри «Кай гуфтаамат?» мисраи 16 дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир ба тарзи зер навишта шудааст:
 
 
Дар матни «Мухаммад бар ғазали Ризоӣ» ҳангоми муқоиасаи ҳамаи нашрҳо бо дастнависи Пайрав се нуқсон ба назар расид.
# Банди дуюм ва сеюм пешу қафо омадааст. Ин нуқсон ҳангоми аз назар гузаронидани таркиби мисраъҳои ғазали Ризоӣ равшан падидор гардид.
# Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми ғазали Ризоӣ, ки Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани матн гардидааст.
 
:Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.
 
Сабаби дуввуми чунин матни асосӣ истифода шудани дастнависи шоир аз тарафи муҳаррир ва ё корманди нашриёт ё ин ки худи муаллиф дидаю дониста партофта шудани баъзе мисраъ ва байтҳо мебошад.
Ғазали «Парешон»-ро нахустин бор [[Расул Ҳодизода]] аз ҳошияи девони қасоиди Файзи Даканӣ пайдо намуда, дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (1956, №6) ба табъ расонидааст ва дар ин бора мақолае низ навиштааст. Ин ғазал баъд аз он дар «Маҷмӯаи осор»-и соли 1959 ворид гардид. Маълум мешавад, ки мураттиби «Маҷмӯаи осор» онро аз мақолаи Расул Ҳодизода гирифтааст. Зеро ҳар ду матн як хел буда, дар онҳо байти зерин дохил нагардидааст:
 
:Рӯз парешонтар аз шабу шабам аз рӯз,