Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 53:
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
 
Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав Сулаймонӣ ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав Сулаймонӣ 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани ''Бектош'' гардидааст: {{аввали иқтибос}}{{охири иқтибос|сарчашма=}}«Аз ин нуқтаи назар Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.