Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Осор: илова
илова
Сатри 10:
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Бухоро|шаҳри Бухоро}}, [[Аморати Бухоро]]
|санаи марг = 9.06.1933
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|БухороДушанбе|шаҳри БухороДушанбе}}
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]
|навъи фаъолият = [[шоир]], {{Нависанда|Нависанда}}
Сатри 132:
Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав Сулаймонӣ акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти Пайрав Сулаймонӣ санаи таълифи шеъри «Қалам» -ро «Октябри 1928» зикр намудем.
Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.
Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон ''Лола Сулаймонӣ'' мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архивипадар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.
 
Он шеърҳое, ки дар солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои Лола Сулаймонӣ дар саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномҳои ҷумҳурӣ ба табъ расиданд ва он пораҳои нотамоме, ки аз байни қоғазпораҳои архиви Пайрав пайдо шудаанд, тасаввуроти моро дар бораи ӯ, шеъри ӯ, зиндагии ӯ, андешаҳои ин шоири дардошно тағйир медиҳанд.
 
Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ навиштааст: {{аввали иқтибос}}«Амакам Яҳёҷон Сулайсонӣ чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе иншон надиҳам. «Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта шудааст. Фаҳмидӣ? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад…»{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони биступанҷсолаи ошиқи раҳдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре, ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав Сулаймонӣ маҳфуз аст».
Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ маҳорати шоирии ӯро нишон медиҳем, роҳи зиндагии пур аз нишебу фарозии ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст.
Сатри 146:
Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-1919 навишта шудааст.
Дӯсти Пайрав Алӣ Исмоилзода дар мақолаи номатӯи худ доир ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст:
{{аввали иқтибос}}«Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри [[мутаассиб]] будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд. Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби [[Бухоро]] навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав Сулаймонӣ, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.
 
Line 185 ⟶ 184:
Солҳои охир дар матбуоти тоҷик доир ба ишқилоби [[Бухоро]], мавқеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро гирифтаанд.
Дар фаслномаи «Гули мурод» (1997, 7-9) (3)) порчае аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар таҳияи [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] бо сарсухани эшон ба табъ расид.
Вақто ки лашкари руссия ба насаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад, [[Садри Зиё]] қозии онҷо буд. ӯ дар ин порчаи «Рӯзнома» ҳодисаҳои дар роҳ-аз Қаршӣ то Бухоро руҳ додаро аз охири августи соли 1920 то оғози сентябри ҳамон сол чун шоҳид тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: {{аввали иқтибос}}«Ҳама аҳли қишлоқ аз бими саллот (сарбоз) –ҳои Руссия фирор карда буданд. Чӣҳо тамоман холӣ аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад, билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.
 
Line 208 ⟶ 207:
 
Пайрав Сулаймонӣ Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шер дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав Сулаймонӣ онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст.
Тадқиқи шаҳри ҳоли Маҳмудхоҷаи[[Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]] – дар мақолаҳои [[Расул Ҳодизода]] «Маҳмуд Хоҷа Беҳбудӣ – тарихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ», [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] «Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» («Гули мурод», 1997, 1998, 10-12(4)), хулосаҳои ин муаллифон моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав Сулаймонӣ низ Инқилоби Бухороро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гумон карда бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ ва муллоёни мутаассиб раҳои ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад шуд ва адлу инсоф ғалаба хоҳад кард. Вале асорати миллӣ, бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт.
Шояд муҳоҷирати Пайрав Сулаймонӣ ба Афғонистону Эрон ба ҷуз гурехтан аз иқиишқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад?
Шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали Абдурауфи[[Абдурауф Фитрат]] «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:
 
:Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро!